Ҳалокати чор нафар дар пайи бархӯрди “Опел” ва “Шанхай”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати чор нафар дар пайи як садамаи нақлиётӣ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои ин ниҳод, 26 январ ронандаи сабукрави “Опел-Астра”, сокини 22-солаи ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат дар 67-киллометрии роҳи Данғара-Душанбе ба боркаши тамғаи “Шанхай” таҳти идораи марди 35-сола, сокини ноҳияи Восеъ бармехӯрад: “Дар натиҷаи садама ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, мусофирони он марди 38-сола ва писарбачаи 5-солаи сокинони ноҳияи Данғара ва зани 27-солаи сокини ноҳияи Шӯрообод дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.
Манбаъ мегӯяд, ду мусофири дигар -- марди 35-сола ва зани 20-сола, сокинони ноҳияи Фархор ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.