80 соли зиндагии як шахсият. Шахсияте, ки дар ин 80 сол ҳамеша барои худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, барои муаррифии Ватан, барои муаррифии фарҳанг ва адабиёт талош кардааст. Шахсияте, ки ин 80 солро барои худ як 80 соли пуршараф, 80 соли пур аз муборизаҳои ростину намодин медонад. Иршод Сулаймонӣ дар 80-умин солрӯзи Валӣ Самад ин шахсияти фарҳангӣ, адабиётшинос ва як инсони шоистаи Тоҷикистонро ба “Баҳси бештар” даъват кард.
Таъкид: Дар ҷараёни суҳбат устод Валӣ Самад баъзе аз дӯстону ҳамандешони даврони ҷавонишон, ки ҳоло шахсиятҳои баркамолу маъруфе ҳастанду буданд бо таъбиру ибораҳое мисли “ахмақ”-у “аблаҳ”-у “беақл”-у “девона” ном мебарад, ки ҳеч гоҳ ба маънии таҳқиру иҳонат набуда, балки самимияти гӯяндаро нишон медиҳад ва саршор аз муҳаббат ва меҳрубонӣ мебошанд. Аз бинандаи нуктасанҷ хоҳиш мешавад, ҳангоми тамошои навори суҳбат ба ин ибораҳо аз зовияи Валӣ Самад бингарад. Зимнан: Ба хотири зинда нигоҳ доштани руҳи мусоҳиба лаҳни гуфтории он тағйир дода нашудааст. “МУСАЛМОН ГУФТА, МОРО ДАРОМАДАН НАМОНДАНД...” Озодагон: Шумо имсол 80-сола мешавед. Инсон аз 80 солагӣ ба ҳамон давроне, ки пушти сар гузоштааст чӣ тур менигарад? Он давраҳоро чӣ гуна ба хотир меоварад? Валӣ Самад: Ҳама давраҳои зиндагии ман хотирмон буд. Ҳам давраи мактаби миёна хонданам, дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Конибодом ва таҳсил дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Ғафуров) ва инчунин таҳсили давраи аспирантура дар Боку. Ҳамааш, бо вуҷуди баъзе азобу уқубати иқтисодӣ, аз ҷиҳати маънавӣ фаромӯшнашаванда ва барои худам бисёр азизу гуворо буд.Озодагон: Чӣ гуна, масалан дар даврони донишҷӯиву аспирантӣ чӣ чизҳои хотирмон аст? Валӣ Самад: Вақте синфи 9-ро дар Ворух хатм кардем, дар деҳа синфи 10 кушода нашуд. Маро муаллими азизамон Бобохолмат Азимов, падари профессор Аъзамҷон Азимов Конибодом оварданд, ба Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ. Директори Омӯзишгоҳ як зани бисёр нуронӣ -- Шарафбону Содиқова бо ман суҳбат карданду дар охир гуфтанд, як шеър хон. Ҳамон вақт ҳам Хоқониро нағз медонистам, аз “Харобаҳои мадоин” як пора хондам. Ба он зан ба андозае таъсир кард, ки якбора маро ба курси сеюми Омӯзишгоҳ қабул кард. Инро чӣ гуна фаромӯш кардан мумкин аст? Омӯзишгоҳро хатм кардам. Онҷо як духтари нозанин маро дӯст дошт. Ман чеҳраи гарм доштам. Ба ҷои ба мактаби олӣ рафтан ба ҳамон духтар оиладор шудан мехостам. Муаллимамон Зоҳидов, падари муовини вазири хориҷа Низомиддин Зоҳидов, гуфтанд, ки ин занро мегирӣ, фарзандор мешавӣ, зиндагӣ мекунӣ, аммо ин донише, ки ту дорӣ ҳамааш нобуд мешавад. Ман хонадор нашудам, ба Хуҷанд баргаштам, вале гиряҳои ҳамон духтар, ки Малика ном дошт, ҳанӯз аз хотирам нарафтааст.Озодагон: Тақдир чӣ тур шуд, минбаъд дигар во нахӯрдед? Валӣ Самад: Не. Озодагон: Хабар надоред, ки дигар чӣ шуд? Валӣ Самад: Не, не, чӣ шуд намедонам.Озодагон: Ёри бевафо будаед, устод... Валӣ Самад: Ин бевафоиҳо аз мо зиёд шудагӣ. Ростӣ гап хабардор шудам, ки шавҳар кардааст ва фарзандор шудааст. Ман дигар Конибодом нарафтам, тамоми умр дар Қафқоз гузашт. Хуҷанд омадам, ба донишкада дохил шудем. Дар соли дувум маро раиси Ҷамъияти илмии донишҷӯён таъин карданд. Дар курси сеюм, модари шоира Фарзона (профессор Бароат Ҳоҷибоева - Озодагон), мудири қисми таълим буданд, маро бо ҳамроҳии Юсуф Акбаров, ҳоло адабиётшиноси варзида ва як донишҷӯдухтари риштаи математика бо номи Мушаррафа ба конфронси илмии донишҷӯёни Қафқоз ба Тифлис фиристоданд. Ин соли 1960 буд. Моро дар қатори бисёр ҷойҳои дигар ба масҷиди гурҷиҳо бурданд. Дар сари мо тоқӣ буд, вақте пеши дари масҷид рафтем, инҳо мусалмон гуфта, даромадан намонданд. Юсуф бо Мушаррафа пеши дар буданд, ман тоқиро пинҳон карда, рафта, ҳамон амали насрониҳоро, ки ҳангоми масҷид ворид шудан мекунанд, иҷро намудаву дохили масҷид шудам. Дохили он масҷид ба ҳадде зебо буд, ки бо сухан васф карда намешавад. Тифлис, боду ҳаво ва нозанинонаш он қадар ба ман таъсир гузошт, ки як умр ошиқи Қафқоз шуда мондам. Гуфтанд, ба душманони ту мегӯям, Валӣ Самадро натанҳо аз аспирантура, балки аз Тоҷикистон пеш кардам VIDEO
“КГБ-И МАСКАВ БА ИСТИЛОҲ “ОНАИ ЗОРАМ”-РО НИШОН ДОД” Озодагон: Устод, чӣ тур шуд, ки Шумо ба таҳқиқи робитаҳои адабӣ майл кардеду бештар ба масъалаҳои нозуке, ки марбут ба худшиносиву худогоҳии миллӣ буд, даст задед. Ва таҳқиқи ҳамин мавзӯъҳо ба ҳаёту зиндагии хусусии Шумо ҳам таъсиргузор шуд? Валӣ Самад: Ҳамон маърузае, ки ман дар Тифлис хонда будам, як суханронии донишҷӯёна буд. Дар мавриди Фирдавсӣ ва Руставелӣ буд, ки онҷо писанд омад. Баъд Гвахария, яъне Гавҳария, ки он вақт аспирант буд, гуфтанд, ки мавзӯъро давом деҳ. Дар “Ҳақиқати Ленинобод” як мақола нашр кардам, бо номи “14 рӯз дар Қафқоз”. Ин мақола ба муаллимони донишкада ҳам писанд омад. Модари Фарзона ва дигар муаллимонам гуфтанд, ки ин корро давом деҳ. Баъдан эҷодиёти Низомӣ маро комилан асири Қафқоз намуд. Вале як фоҷиа шуд.Озодагон: Чӣ фоҷеа? Валӣ Самад: Маро ҳамчун аспирант дар Донишкадаи омӯзгории Душанбе қабул карданд. Профессор Холиқ Мирзозода онҷо мудири кафедра буданд, ман шогирди эшон шудам. Носирҷон Маъсумӣ проректор буданд. Маъсумиро аз он ҷо гирифта, директори Институти забону адабиёти ба номи Рӯдакӣ таъин карданд. Шояд кадом суханронӣ ва ё дониши маро санҷида будаанд, ки маро аз донишкадаи омӯзгорӣ ба институти забону адабиёт оварданд. Маъсумӣ дар институт ба ман мавзӯъ доданд: “Ҳаёт ва эҷодиёти Лутфулло Бузургзода” ва як мақола фармуданд. Ман ба қадри донишу тавонам мақоларо навиштам. Маъсумӣ мақоларо ба дараҷае таҳрир карданд, ки қоил мешудед. Ба газетаи “Маориф ва маданият” бурдам, Бозор Собир онҷо мудири шӯъба буд ва Бӯриниссо Бердиева муҳаррир. 13 октябри 1964 чоп шуд. 17 октябр барои нашри ҳамон мақола маро аз аспирантура ронданд. Ин мақола фоҷеаи умри Бузургзодаро кушод. Баъзе чизҳоро ман надониста, устод Маъсумӣ дохил карда буданд. Мане, ки ҳатто як моҳ ҳам моҳонаи аспирантиро нагирифта будам, дар кӯчаҳои Душанбе сарсону саргардон гаштан гирифтам. Баъди чанд рӯз боз як нозанин гуфт, ки назди Маъсумӣ рав, ки туро кофта гаштаанд. Рафтам, гуфтанд, ки ба ин бадбахтиҳоят ман сабаб шудам, узр писарам. Аммо як кор мекунем. Ман ба номи директори институти забону адабиёти Академияи улуми Озарбайҷон -- Аббос Замонов мактуб менависам. Инҳо дар Сочӣ бо ҳамроҳии оилаҳояшон истироҳат карда будаанд ва онҷо бисёр дӯстони наздик шудаанд. Гуфтанд, ки онҷо рафта аспирантураро давом медиҳӣ ва ман ин ҷо ба душманони ту мегӯям, ки Валӣ Самадро натанҳо аз аспирантура, балки аз Тоҷикистон пеш кардам. Мактубро гирифта Боку рафтам, назди Замонов. Дар қабулгоҳ як духтар истода буд, оҳ, як нозанин. Ман ӯрову ӯ маро нигоҳ карда нишастем. Ман моту маҳбут шуда, фаромӯш кардам, ки бигӯям куҷо омадаам. Баъди ба забони озарӣ пурсидан боз ба забони русӣ пурсид, ки куҷо омадаам. Гуфтам, мактуб дорам ба номи директор. Назди директор рафту дарро напӯшида гуфтанд, ки “заходите”. Директор чун донист, ки мактуб аз номи Маъсумист, мактубро нахонда маро бағал карда бӯсид. Макубро хонда, ронандаашро ҷеғ зада гуфт, ин касро ба хобгоҳи аспирантҳо бар. Шароити хобгоҳ ва нозанинони қафқозиро дидаму дигар ба ёдам на Бузургзода, на Маъсумӣ ва на Тоҷикистон омад (бо шӯхӣ - Озодагон). Бо ҳамин се сол мондам. Аспирантураро дар институти ба номи Низомӣ тамом карда, кори илмиро аз муҳокима гузаронда омадам.Озодагон: Мавзӯъ чӣ шуд? Валӣ Самад: “Масъалаҳои умдаи робитаҳои адабии тоҷику озар дар нимаи аввали асри XIX”. Дар Боку гуфтанд, ки баъди муҳокима зуд ҳимоя кардан имкон надорад. Пасон Душанбе омадам. Баъзеҳо машварат доданд, ки онҷо дигар нараву ҳаминҷо дифоъ кун. Зеро агар онҷо дифоъ кунӣ гап зиёд мешавад, ки Валӣ Самад дар Боку бо пули калон ҳимоя карда омад. Ман дар Душанбе рисолаамро ҳимоя кардам. Автореферат ё фишурдаи рисолаам на 18 саҳифа, тавре талабот ба кори номзадӣ буд, балки 90 саҳифа буд. Шӯрои илмӣ якбора барои ман унвони доктори илмро доданӣ буданд. Он вақт шӯъбаи фанҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳо як Шӯро дошт, раисаш академик Зариф Раҷабов буд. Фишурдаро Ҳусейнзодаву Мирзозодаву Табарову инҳо хонда, қоил шуда буданд. Раванди ҳимоя бисёр нағз ҷараён дошт, маро раиси Шӯро расо таъриф мекард, ки ин як рисолаи докторӣ мебошад. Аз Гурҷистон Гвахария навишта буданд, ки ҳар боби ин рисола як рисолаи номзадӣ мебошад, Соҳиб Табаров ҳам бисёр бо ҷиддият “ин кас доктори илм” гуфтанд. Яке ректори Донишгоҳи давлатӣ -- Солеҳ Раҷабов ба ман як савол доданд, ки ту ба ман фаҳмон, ки фарқи Валӣ Самад аз Валиҷон Самадов дар чист? Ман ҳамон вақт бо таҳрики Маҳмудҷон Воҳидов, Лоиқ ва Аълохон Афсаҳзод ному насабамро аз Валиҷон Самадов ба Валӣ Самад гардонда будам. Ман дар минбар шах шуда мондам. Чӣ ҷавоб гуфтанамро надонистам. Баъд Расул Ҳодизода маро аз вазъият раҳо карданд. Озодагон: Ҳамин ки ному насабро тағйир додед, ба истилоҳ тоҷикӣ кардед. Мушкил набуд он вақт чунин корҳоро анҷом додан? Валӣ Самад: Ин корро Лоиқ карданд. Як маҳбубааш дар мизи шиносномадиҳӣ кор мекардаанд, рафта шиноснома гирифта овард. Озодагон: Шумо худатон талош накардед? Асноди дигарро тағйир надодед? Валӣ Самад: Не. Ман, баъдтар боз Валиҷон Самадов шудам. КГБ-и Маскав маро бурда, ба истилоҳ “онаи зорам”-ро нишон дод. Озодагон: Баъд ба Шумо унвони докторӣ неву номзади илм доданд, ҳамин тур? Валӣ Самад: Вақте гап-гап шуд, ки ба ман унвони докторӣ медиҳанд, баъзе аз душманони ман ба “ВАК”-и СССР навиштанд. Маро ба Маскав даъват карданд. Осимӣ президенти Академия буданд, дастгирӣ карда ба ман сафархарҷӣ навиштанд. Худоӣ Шариф пеш аз рафтан маро насиҳати бисёре намуданд. Ба Маскав рафтам. Онҷо Акбар Турсон маро пешвоз гирифтанд. Рафта ҷо ба ҷо шудему рӯзи дигар маро ба ВАК бурд. Даромада дар Шӯро ба ҳама саволҳо ҷавоб додам. Аз болои ман навишта буданд, ки “националист, паниранист, величайший враг тюркских народов”. Он ҷо ҳам савол шуд, ки ҳамин суффикси русии “ов” ба ту чӣ зарар дошт, ки аз баҳраш баромадӣ? Ман посух додам, ки “не забывайте, я не только выкинул русский суффикс, даже прекрасный лирический суффикс джон”. Ҳаминро гуфта будам, ки ҷонишини раиси ВАК як осетин Парастаев буд аз ҷояш хеста қарсак зад ва гуфт, ки “это не паниранист, не националист, а настоящий гуманист”. Боз савол доданд, ки чаро Низомӣ, ки худ як классики адабиёти Озарбайҷон, фарзанди бузурги Озарбайҷон мебошад, ту дар рисолаат навиштӣ, ки шоири классики тоҷику форс? Як пора аз ашъори Низомиро хондам:Туркӣ сифати вафои мо нест, Туркона сухан сазо мо нест. Он к-аз насаби баланд зояд, Ӯро сухани баланд бояд. Нисфе аз аъзои президуми ВАК, ки форсиро медонистаанд аз ҷой хеста, қарсак заданд. Баъд раиси ВАК, ки бо асо берун баромада буд, якбора баъди 10 дақиқа оварда ба ман дипломи номаздиямро супурд. Акбар Турсон дар берун буд, гуфт, маро Бобоҷон Ғафуров фиристоданд, ки Валиро гирифта биёр. Рафтем ҳузури Ғафуров. Дар сар тоқӣ, ким-чизеро таҳрир мекарданд. Ба рӯям нигоҳ кардаву нимхез шуда, салом карданд. Баъд гуфтанд, ки ту ҳам ин барин, ба Акбар ишора карда, ин хел чизҳои ҷанҷолӣ камтар навис, ба сари мо ташвиш наовар. Ин гапро гуфтанд, ки Акбар дарро сахт пӯшида, баромада рафт. Боз давом доданд, ки дар масъалаҳои миллӣ ҳушёр шав, ҳар гап нанавис. Ҷумлаҳое, ки дар бораи муносибатҳои байни миллатҳо менависӣ, эҳтиёт карда навис, саросема нашав, бисёр муносибати бошуурона кун, ки ин масъалаҳо хеле нозуканд. Як ду олими озарӣ, ки аз мақолаҳои ман ранҷида будаанд, ба Ғафуров шикоят карда будаанд. Баъд ба ман пул дода, гуфтанд, ки ин пул аз Маскав то Боку ва ана ин аз Боку то Душанбе. Меравӣ ба Боку аз он олимҳо узр пурсида, баъд Душанбе меравӣ. Баъд як сурат ҳадя карданд, ки Ғафуров, Урунхоҷаев ва Ворошилов буданд. “ОБСУДИТЬ И СТРОГО НАКАЗАТЬ УБАЙД РАДЖАБА И ВАЛИ САМАДА!” Озодагон: Ҳамин панду насиҳати Ғафуров дар зиндагии минбаъдаатон дуруст баромад? Валӣ Самад: Як миқдор дуруст баромад. Баъзе мавзӯъҳо ба панди онҳо дуруст намегирифт. Мисол, раиси Иттифоқи нависандагони Узбакистон Абдулло Орифов Ҳофизро “ахмақ” гуфт, инро ман чӣ гуна оромона қабул карда меистодам? Намешуд. Гуфта буд, ки “Ҳофизи ахмақ чӣ ҳақ дошт, ки ба як холи ҳинду ду шаҳри узбакӣ - Самарқанду Бухороро ба тоҷикҳо бахшад?”Озодагон: Шумо ҷавоб навиштед? Валӣ Самад: Бале. Ин тавр шуд. Як рӯз Раҳим Мусулмонқулов ва Маҳмудҷон Воҳидов ба хона омада гуфтанд, ки Турсунзода дар истироҳатгоҳ ҳасту супориш доданд, ки Валиро гирифта биёред. Ба Варзоб рафтем. Устод Турсунзода сигор кашида, ба дарё назар андохта, рост истода буданд. Моро диду сигорро партофта, хуб пурсу пос карданд. Баъди зиёфату оливу нӯшонӯшиҳо, вақти хайрухуш Турсунзода ба ман як маҷалла доданд. Маҷаллаи узбакӣ - “Шарқ юлдузи”. Аз Тошканд худашон оварда будаанд. Гуфтанд, ки ҳаминҷо мақолаи раиси Иттифоқи нависандагони Узбакистон Орифов ҳаст, ҳаминро мехонӣ ва ба ту як ҳафта муҳлат, ҷавоб навишта меорӣ. Ин кор моҳи октябри соли 1970 буд. Ман омада мақоларо хондам, тамоман девона шудам. Он ҷо навишта буд, ки “агар бар хилофи қонуни ҳаёт Ҳофиз дубора зинда шавад ба зери пойи ҳар узбак сарашро монда узр мехоҳад”. Ман ҷавобро навишта ба Турсунзода бурдам. Гуфтанд, ки баъди ду рӯз биё. Рӯзи таъиншуда рафтам ва дидам, ки мақоларо тавре таҳрир кардаанд, ки аз навиштаҳои ман чизе намондааст. Гуфтанд, ки мақоларо пеши Убайд Раҷаб бибар. Убайд Раҷаб муҳаррири “Садои Шарқ” буд. Гуфтанд, ба Убайд бигӯ, ки дар ҳамин шумора нашр кунанд ва дар ҳаҷми ин агар ягон мақола саҳифабандӣ шуда бошад ба шумораи дигар бигузоранд. Мақола чоп шуд. Қариб як моҳ ҳама маро табрик мекард. Ва мегуфтанд, ки дар ин синну соли ҷавонӣ, ин ҷумлаҳову ин консепсияҳову ин донишро бубин. Турсунзода онҷо иқтибосҳову фактҳоеро оварда будаанд, ки ман намедонистам. Баъди як моҳ Муҳаммад Осимӣ, президенти Академия маро даъват карданд. Гуфтанд, ки ту аблаҳ чӣ кор кардӣ? Аз Тошканд, аз номи Шароф Рашидов ба номи Ҷаббор Расулов мактуб омадааст. Ту бо мақолаат ба дӯстии халқҳои тоҷику узбак латма задӣ. Гуфтанд, ки рав, омода бош, фалон рӯз дар Кумитаи марказӣ, дар назди муовини идеологӣ Ибодат Раҳимова муҳокимаи мақола мешавад. Баъзеҳо, аз ҷумла Абдулғанӣ Мирзоев, Холиқ Мирзозода маслиҳат доданд, ки агар сахт ҷазо диҳанд ту орому вазнин бошу дар нагир. Рафтем. Ибодат Раҳимова бисёр бад қабул кард. Озодагон: Он ҷо боз кӣ буд? Валӣ Самад: Турсунзода, Шарифҷон Ҳусейнзода, Носирҷон Маъсумӣ, Муҳаммад Осимӣ, Улуғзода, вазири маориф Дадабоев, Соҳиб Табаров ва хулоса 20 нафар бештар донишмандон. Зеро Рашидов номзад ба аъзогии Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ буд. Болои мактуб Расулов ба Раҳимова навишта буданд: “Обсудить и строго наказать Убайд Раджаба и Вали Самада!” Муҳокима бисёр сахт гузашт. Раҳимова он ҷо маро “падарлаънат” гуфт. Раҳимоваро баъдан Ҳусейнзода, Маъсумӣ ва Дадабоев ислоҳ карданд. Ба Убайд Раҷаб, ки коммунист буд, “выговори қатъӣ” доданд. Ман, ки санадҳоям барои узвияти Иттифоқи нависандагони Шӯравӣ омода мешуд баргардонда, нашри мақолаҳоямро ба муддати 10 сол дар “Садои Шарқ” манъ карданд ва гуфтанд, ки узви Иттифоқ нашавад. Озодагон: Устод чӣ сабаб шуд, ки Шумо ба оташи муборизаҳои миллӣ худро партоб кунед? Масалан аз Шумо, ба истилоҳ бузургтарҳо, академикҳо, профессорҳо ва мансабдорҳо буданд, ба ин чизҳо ҷавоб намегуфтанду Шумо, ки тоза номзади илм шуда будед, ҷавоб гардондед? Валӣ Самад: Асосан, ҳамин ки мутолиаи ман зиёд буд. Ман ҳамон чизҳоро хонда дарҳол тарафи баду неки онро дарк мекардам. Акнун Шумо медонед, ки Абдулло Орифов, раиси Иттифоқи нависандагони Узбакистон, Шоири халқии Узбакистон ва Қаҳрамони миллии Узбакистон буд. Озодагон: Дар муҳокима Турсунзода ва дигарон Шуморо ҳимоя накарданд? Валӣ Самад: Не. Каллаашонро хам карда истода буданд. Баъдан дар як сафари дигар ману Лоиқ устодро бисёр танг овардем. Пасон гуфтанд, ки Рашидов дӯсти наздики ман буд. Агар ман як даҳан ҳимоя мекардам, душманҳои ман менавиштанд, ки ин ҳамааш кори Турсунзода. Баъди нашри ҷавоб ба раиси Иттифоқи нависандагони Узбакистон, маро ба Кумитаи амният даъват карданд. Муовини раиси кумитаи як кас буд бо номи Холбобо Шарифов. Як одами бисёр паҳлавонҷусса. Вақте маро назди он кас бурданд, аз ҷояш хест, вале салом накард. Чанд савол дод ва ман ба саволҳояш ҷавоб додам. Вале ду ҷумла боиси баҳси бештар шуд. Якум: “Абдулло Орифов даҳани мурдор ба дашноми ҳазрати Ҳофиз кушод”, ки ҷумлаи ман буд. Дар охири мақола як ҷумла буд: “Барои анҷоми ин гуна ҷавобҳо, ба мо маслиҳат лозим не, ҷасорати миллӣ даркор!” Ин ҷумлаи Турсунзода буд. Баъд савол кард, ки ту чаро вай касро ҳақорат кардӣ? Ман гуфтам, якум ин ки вай аз аблаҳ ҳам бадтар. Фирдавсӣ ва Ҳофиз, ки моро миллат сохтанд, вай Ҳофизро ахмақ гуфтааст. Касе, ки Ҳофизро ахмақ мегӯяд ба дор кашидан даркор. Дидам, ки чеҳраи Шарифов кушода шуд. Баъдан гуфт, ки зери ибораи “ҷасорати миллӣ” кадом халқро ба кадом халқ ба ҷанг даъват карда истодаӣ? Гуфтам, якум ин ки зери ҷасорати миллӣ ман ҷавоб навиштанро дар назар дорам. Дувум, ин ҷумлаи ман не, ҷумлаи Турсунзода. Гаранг шуда, гуфт, чӣ хел исбот мекунӣ? Ман бо мошини онҳо омада дастхатеро, ки Турсунзода таҳрир карда буданд аз хона бурда нишон додам. Дастхатро дид, якбора дигар шуд. Омада маро бағал карда, бардошта рӯямро бӯсид. Баъд, узр ҳам хост. Гуфт, ки ман мошинамро медиҳам шуморо ба хона мебаранд. Гуфтам, ҳамин ки раҳо кардед ва аз идораи Шумо сиҳату саломат баромадам, худам Худоро шукр гуфта, меравам. Баъди чандин солҳо ман ин одамро 9 рӯз пеш аз мурданаш дидам. Гуфт, ки ором ҳастӣ ё боз ягон бало хезонда гаштӣ? Гуфтам, ки ман оромам, ин Шумо балоро ташкил мекунед. Хандиду хайру хуш карда рафт. Баъди 9 рӯз хабари маргаш расид. Ман дар ҷанозааш дар Шаҳринав ширкат кардам. Баъдан духтараш дар вазорати адлия кор мекардааст, маро ёфта ба ман ташаккур низ гуфт. Озодагон: Ҳамин гуна ҳодисаҳо зиёд буд? Ҷавоб навиштану аз мавқеи миллату адабиёту фарҳангу бархостану ҳимоя кардан? Валӣ Самад: Насле, ки пеши Маҳмадулло Холов (раиси Президуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон – Озодагон) рафта будем, ҳама насли бедор буд.Озодагон: Ин насл киҳо буданд? Валӣ Самад: Вақте пеши Холов рафтем 23 нафар будем. Лоиқ, Бозор, Маҳмудҷон Воҳидов, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Ғоиб Сафарзода, Сорбон, Куҳзод, Ҳабибулло Файзулло, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва дигарон...Озодагон: Ҳамин насле, ки мегӯйед. Шуморо ягон кас таҳрик медод ё аз пеши худ? Валӣ Самад: Не. Мо, худамон мехондем ва нафратамон ба касоне, ки тоҷикро таҳқир мекарданд зиёд мешуд. Баъд ҷамъ шуда тасмим мегирифтем. Муъмин Қаноат ё навиштаҳои моро таҳрир мекард ё ба мо роҳ нишон медод. Турсунзодаву Қаноат дастгирӣ мекарданд. Баъдан Улуғзода бисёр хуб ҳимоя мекарданд. Озодагон: Устод, Шумо аз ҳодисаи ба ҳузури Маҳмадулло Холов, раиси Президуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон рафтанатонро нақл кардед. Он вақт ин гуна корҳо хатарнок набуд? Шуморо ягон кас ҳимоя карда буд ё ба сарнавишт таваккал кардед? Валӣ Самад: Вай дар “Комсомолская правда” мақола навишта, гуфта буданд, ки халқи тоҷик то Инқилоби Октябр ҳама бесавод буданд. Охирон, вақте мо рафтем ва баҳсҳомон буд, фаҳмидем, ки он кас дар Афғонистон будаанд ва дар вақти набуданашон як ёрдамчии рус доштаанд, ҳамон рус навишта будаанд мақоларо. НИЗОМӢ ҚУРБОНИ РАҚОБАТҲОИ СИЁСӢ ШУД? Озодагон: Устод, дар масъалаҳои равобити адабии тоҷику форс ва ақвоми Қафқоз, хусусан халқҳои турктабори Қафқоз ва ҳамсояҳоямон бисёр масъалаҳои печида вуҷуд дорад, ки инро Шумо бисёр хуб медонед. Маслан, дар масъалаи Низомиву Форобиву Синову дигар бузургони адабёти мо. Шумо агар хабар дошта бошед дар ин авохир ҳамаи катибаҳое, ки дар сари қабри Низомӣ ба форсӣ навишта шуда буд, барканданд ва ҳамаро озарӣ карданд. Ба ин чӣ назар доред? Валӣ Самад: Ин бармаҳал сар шуда буд. Ахиран аз сари қабри Низомӣ ҳамон чор мисраъи форсиро канданд.Озодагон: Кадом чор мисраъ? Валӣ Самад: Туркӣ сифати вафои мо нест...Озодагон: Инро кӣ навишта буд? Валӣ Самад: Ин аз қадим, хеле қадим навишта шуда буд. Сабабаш тоҷикҳо не, муносибати Эрону Озарбойҷон вайрон шуд. Равобити дипломотиро қатъ карданд. Баъди ин, дар Озарбойҷон ҳар нишони эронӣ ё форсӣ бошад, нобуд карда шуд. Аз ҷумлаи фоҷеаи сари гӯри Низомӣ низ ба ин чиз пайванд аст.Озодагон: Яъне, Низомӣ қурбони рақобатҳои сиёсӣ шуд? Валӣ Самад: Бешак...Озодагон: Устод, Шумо 80-сола мешавед. Бештар аз 400 асару мақола навиштед. Бештарини ин матолиб дар масоили нозуки равобити адабию фарҳангӣ ва миллӣ. Дар мавриди Шумо аксарияти фарҳангиёни Тоҷикистон бомуҳаббат сухан мекунанд. Шеърҳо навиштанд, мақола нашр намуданд, хулоса шахсияти Шуморо ба баррасӣ гирифтаанд. Бо вуҷуди ин қадар пуркор будан ва заҳмату талош кашидан аз ҷониби Иттифоқи нависандагон, Академия улум ва Ҳукумати Тоҷикистон ягон ҷоиза додаанд ва ё дастгириҳое имрӯз вуҷуд дорад? Валӣ Самад: Нағзияш ҳамин, ки ман 56-сол боз дар ҳамин Институти забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ кор мекунам, дар як кабинет, тақрибан дар як вазифа. Кам-кам маошамро зиёд карданд. Ду бор хона доданд. Як бор Турсунзода ва як бор Осимӣ. Кори кардагиашон ҳамин. Ба чандин мукофоти давлатӣ пешниҳод карданд, боз роҳбарони Иттифоқу Академия дар давраҳои гуногун, ки мавқеи сиёсӣ доштанд, маро миллатчӣ мегуфтанд ва ба миллатчӣ мукофот додан мумкин не, гуфта, маро сазовор намедонистанд. Озодагон: Ҳоло ягон мукофоти давлатӣ доред? Валӣ Самад: Мукофтҳои Озарбойҷону Русияву Эрону инҳоро дорам. Аз Тоҷикистон фақат ифтихорнома медиҳанд. Ду бор барои Арбоби илму техникаи Тоҷикистон пешниҳод карданд, надоданд, ҳоло боз пешниҳод карданд, акнун намедонам чӣ мешавад.Озодагон: Шумо дар дониш, маҳсули илмӣ аз академик камтар нестед, вале чаро доктори илм нашудед? Валӣ Самад: Мақолаи муаллим Шакурӣ дар мавриди ман ҳаст бо номи “Академики бедиплом”. Ин ду сабаб дорад. Якум. Ҳамон замони ҳимояи рисолаи номзадӣ ба ман бояд унвони доктори илм медоданд. Пешниҳоди Шӯрои ҳимоя ҳамин буд. Вале баъдан ба сабаби ҷанҷолҳову “хатоҳои сиёсие”, ки маро тела доданд, ин чиз тасдиқ нашуд. Баъдан маслиҳат шуд, ки агар туркҳо нею русҳоро таҳқиқ кунам, рисолаам тез тасдиқ мешавад. Ман Лев Толстойро интихоб намудам. Турсунзода бо ҳамон бузургиашон маро бурда, дар хона-музейи Толстой гузошта, аз ҷайбашон пули калон бароварда, гуфтанд, ки ин пулро ба корҳои зарурӣ масраф намо. Ман дар бойгони Толстой шаш моҳ истода, аз адабиёти форсу тоҷик Толстой чӣ таъсир пазируфтааст, омӯхта, рисолаи докториро тахт кардам - “Лев Толстой ва масъалаҳои муҳими равобити адабии тоҷику рус дар асри XIX”. Баъдан ду мақолаам нашр шуд. Мақолаи “Ғазали Ҳофиз аз диди Толстой”, ки дар “Садои Шарқ” нашр шуд, бисёр ҷанҷолбарангез шуд. Ин ҷо ҳам аз ман ҳамчун миллатчӣ хатоҳои сиёсӣ ёфтанд, ки гӯё Ҳофиз барои нависанда шудани Толстой сабаб шуда бошад. Бурда боз ҷанг карданд. Баъди ин ман гуфтам дигар ин гуна номаъқулӣ намекунам. Чанд соли умр боқӣ монда бошад бачаҳоям калон шудаанд ва роҳи маро мепоянд, бо онҳо буданам хубтар. Озодагон: Бахшида ба 80-солагӣ ягон ҷашн дар сатҳи ҷумҳурӣ дар назар ҳаст? Валӣ Самад: Академия чанд рӯз пеш ҳамин корро карданд, бисёр ботантана, бисёр самимӣ буд. То октябр, ки таваллуди ман он вақт аст, Институт ба фикрам ташкил мекунад. Иттифоқи нависандаҳо ҳам кадом нияте дорад. Хулосаи гап ҳамин, ки аз он роҳе, ки бо азоб ҳам бошаду тай кардам пушаймон нестам. Озодагон: Ин бисёр ифтихорофарин мебошад. Умедворем, ки боз солиёни зиёд дар роҳи ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва адабёту фарҳанг собитқадамона истод мешавед. Валӣ Самад: Омин. Ташаккур.