КДАМ: Кормандони “Алфа” фирор накардаанд
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, сару садоҳо дар бораи фирори як гуруҳ кормандони “Алфа” - воҳиди махсуси зиддитеррористии КДАМ дар вилояти мухтори Бадахшон воқеият надоранд.
Охири ҳафтаи гузашта дар интернет хабарҳое нашр гардид, ки гӯиё беш аз 10 корманди “Алфа” дар Бадахшон аз маҳалли хидматашон фирор намудаанд. Шадид шудани тадобири амниятӣ дар Душанбе ва навоҳии кишвар дар рӯзи 24 январ ин овозаҳоро бештар кард.
Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ бо нашри изҳороте гуфтааст, ин овозаҳо “аз тарафи гуруҳҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ роҳандозӣ карда шуда, барои гумроҳсозии ҷомеа ва ташаннуҷи сулҳу субот дар мамлакат равона гардидааст”.
Дар изҳорот гуфта мешавад, айни замон тамоми ниҳодҳои зертобеи КДАМ дар ҳолати муқаррарӣ ва бо назардошти риояи қатъии уҳдадориҳои хизматӣ фаъолияти касбии хешро идома бахшида истодаанд: “Бинобар ин, аз кулли шаҳрвандони кишвар хоҳиш карда мешавад, ки ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ ва беасос бовар накунанд”.
Зимнан, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ дар нишасти хабарии ниҳодаш рӯзи душанбеи 25 январ шадид шудани тадобири амниятиро “санҷиши ҳолати омодабоши нерӯҳои дохилӣ унвон кард”.
Ҷаноби Раҳимзода изҳор дошт, мақомот минбаъд низ чунин санҷиш, рейд ва омодагиҳоро хоҳанд гузаронд ва он набояд боиси безобита ва хавотиршавии мардум гардад: “Ин тайёрии мақомот барои таъмини бехатарии шаҳрвандон аст ва ҷое барои таҳлукаю безобиташавӣ нест”.