Амирқул Азимов дар бораи баҳманмоҳи соли 1990 мегӯяд
Амирқул Азимов, дабири пешини Шӯрои амнияти Тоҷикистон меҳмони навбатии маҳфили “Гуфтгугӯи тамаддунҳо” хоҳад буд.
Масъулини Фонди ҷамъиятии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” мегӯянд, мавзӯи суҳбати ҷаноби Азимов дар 28 январ “Баҳманмоҳи соли 1990, баҳона, сабаб ва қувваҳои асосии ин воқеа” мебошад.
Амирқул Азимов ибтидои солҳои истиқлол раҳбари гуруҳи тафтишотӣ оид ба қазияҳои баҳманмоҳи соли 1990-ро ба уҳда дошт. Солҳои 1992-1994 муовини вазири умури дохилӣ, 1994-1995 мушовири давлатии раисиҷумҳур, 1995-1996 додситони кулл, 1996-2011 дабири Шӯрои амният буд. Соли 2011 ба парлумон омад ва то соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагон буд.