Як зани тоҷик бо ду фарзандаш аз Русия ихроҷ мешавад
Хадамоти муҳоҷирати Ярослав мегӯяд, дар пайи як санҷиш муайян кардааст, як хонаводаи тоҷик, иборат аз зану шавҳар ва ду фарзандашон ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия ба сар мебаранд.
Ба иттилои манбаъ, мард ба маблағи 2000 рубл ва ҳамсараш барои нақзи такрории қавоиди будубош 2500 рубл ҷарима шудаанд: “Бар илова модар ва фарзандонаш зери назорати Хаддамоти муҳоҷират бояд ба Ватан баргардад. Ба мард иҷоза додаанд, дар қаламрави Русия бимонад”.
Манбаъ гуфтааст, як хеши ин хонавода ҳам дар нақзи қавоиди буду бош муттаҳам мешавад: “Бо назардошти он ки дар мактаби Ярославл фарзанди ӯ таҳсил мекунад, Додгоҳи Фрунзе қарор кард, ки вай ихроҷ нашавад, аммо 5000 рубл ҷарима хоҳад пардохт”.