Нохушии маргбор: Ду ҷавони тоҷик ба шахтаи лифт афтиданд
Кумитаи тафтишотии Маскав ба таҳқиқи қазияи маргбор-сарозер шудани ду ҷавони 19 ва 20-солаи тоҷик ба шахтаи лифт оғоз кардааст.
Тибқи иттилои манбаъ ҳодисаи нохуш, ки дар пайи он яке аз ҷавонҳо дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, дигаре дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ шудааст, тақрибан соати 10:30-и рӯзи 25-уми январ дар кӯчаи Ижорски Маскав рух додааст: “Зимни корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматӣ ду ҷавони тоҷик аз баландии ошёнаи 7-ум ба шахтаи лифт сарозер шудаанд. Дар натиҷа яке дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, дигаре бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шудааст”.
Кумитаи тафтишотии Маскав бо такя ба иттилои пешакӣ изҳор медорад, ки сабаби фоҷеа риоя нашудани техникаи бехатарӣ ва беэҳтиётии ҷабрдидагон мебошад: “Таҳқиқи қазия идома дорад”.