Ректори Донишгоҳи тиббӣ: Намегӯям фасод нест, баднафсҳо ҳастанд
Убайдулло Қурбон, ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, сатҳи фасод дар ин муассисаи таълимӣ хеле паст шудааст, вале ҳанӯз пурра решакан нагардидааст.
Убайдулло Қурбон, имрӯз, 26 январ дар посух ба суоли “Озодагон” изҳор дошт, ки агар гӯяд дар муассисаи тобеяш коррупсия нест, нодуруст аст: “Дар сатҳи хеле ва хеле паст аст. Ҳозир гӯям, ки нест, нодуруст мешавад, зеро ҳангоми санҷишу дигар чорабиниҳо дар кафедраҳо шояд ягон омӯзгор, ягон баднафс пора гирад”.
Ӯ таъкид намуд, ки барои мубориза алайҳи фасод дар донишгоҳ сандуқи арзу шикоят ва суроғаи электронии раёсат доранд, ки ҳар донишҷӯй бевосита метавонад, ба ректор муроҷиат кунад: “Агар ягон сигнал пайдо шавад, ҳамон лаҳза вокуниш мекунем, чораҷӯӣ мекунем. Шукрона дар ин масъала феълан вазъ дар донишгоҳ солим аст”.
Оқои Қурбон илова кард, ки қаблан овозаҳо паҳн мешуданд, гӯиё қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи тиббӣ ба ивази 25 ҳазор ва ҳатто 75-85 ҳазор доллар сурат мегирад: “Инҳо афсонае беш нестанд. Дар ин масъала виҷдони мо тоза аст”.
Ректор изҳор дошт, ки дар пайи ташкили Маркази миллии тестӣ, овозаҳо дар бораи фасодкорӣ дар Донишгоҳ кам шудаанд ва ӯ ҳамчун шаҳрванди оддӣ метавонад дар фасли тобистон як-ду ҳафта ба истироҳат равад: “Давоми 8 сол имкони рафтан ба истироҳат надоштем, зеро моҳҳои июн-август вазнинтарин даври фаъолияти ректор буданд. Бояд ба як реҷаи муайян фаъолият мекардем, то аз фасод ҷилавгирӣ кунем”.
Тибқи иттилои раёсати Донишгоҳи тиббӣ соли гузашта, 1410 донишҷӯро қабул кардаанд ва феълан дар ин муассиса 8 ҳазору 120 нафар таҳсил мекунад.