Хосият Ёрова: Ману Ҷамшед сиҳату саломат, дар озодием
Ҷамшед ва Хосият, бародар ва хоҳари Бузургмеҳр Ёров, вакили боздоштшудаи тоҷик, айни ҳол сиҳату саломат дар озодӣ қарор доранд. Дар ин бора ба "Озодагон" имрӯз, 26 январ худи Хосият Ёрова хабар дода, афзуд, феълан дар берун аз шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ аз шарҳи овозаҳо дар бораи боздошташон худдорӣ кард.
Ин дар ҳолест, ки чанд соат қабл Ҳуринисо Исҳоқова, модари Хосият ва Ҷамшед ба “Озодагон” гуфт, чор рӯз мешавад, аз тақдири фарзандонаш хабар надорад. “Шоми 22 январ баъди паҳн шудани хабарҳо дар бораи боздошташон Хосият ба ман телефон карда, гуфт, сиҳату саломат аст. Субҳи он рӯз фарзандонашро барои нигоҳубин назди ман оварда буд. Гуфт, ҳозир рафта онҳоро мегирам, аммо наомад”,-афзуд ӯ.
Хабари боздошти Хосият ва Ҷамшед баъди он расонаӣ шуд, ки онҳо рӯзи 21 январ як гуруҳ вакилони дифои хориҷиро дар Душанбе пешвоз ва роҳнамоӣ карданд. Дагир Хасавов, вакили дифоъ аз бюрои адвокатии “Драконта”-и Русия, ки ҳамроҳи ду тан аз ҳуқуқшиносони Туркия барои шиносоӣ бо парвандаҳои аъзои раёсати ҲНИТ, ҳизби фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон, вориди Душанбе шуда буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, бояд бо Ёровҳо мулоқот мекард: “Аммо онҳо бедарак шуданд ва мо шунидем, ки онҳоро боздошт кардаанд”.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 25 январ дар суҳбат бо хабарнигорон аз қазияи бедарак шудани Ҷамшеду Хосият изҳори беиттилоӣ кард. Ӯ гуфт, вақте як шахс бедарак мешавад, наздиконаш ба пулис барои пайдо кардани вай муроҷиат мекунанд, аммо дар ин маврид ҳеч аризае унвонии онҳо нарасидааст. Зимнан, Раҳимзода ба сардори раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе супориш дод, ба ин қазия расидагӣ кунад.