Аз 7000 маоши раис то 25 000-и халабонҳо ва буҳрон дар “Тоҷик Эйр”
Рустам Холиқов, раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва ширкати “Тоҷик Эйр” ҳаҷми маошашро ба ҳайси раҳбари ин ду корхона 6 ҳазору 940 сомонӣ арзёбӣ кард.
Холиқов, имрӯз, 26 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт ба ҳайси раиси “Тоҷик Эйр” 3 ҳазору 940 сомонӣ ва ба ҳайси раҳбари фурудгоҳи байналмилалӣ беш аз 3 ҳазор сомонӣ маош мегирад. Ӯ ҳаҷми миёнаи маоши тобеинашро 3 ҳазор сомонӣ гуфта, афзуд, ки аз ҳама зиёдро халабонҳо мегиранд, ки баробари 25 ҳазор сомонӣ мебошад.
Ин дар ҳолест, ки Икром Мавлонов, муовини раиси “Тоҷик Эйр” аз таъсири буҳрон ба фаъолияти ширкаташон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ изҳор дошт, дар пайи беқурбшавии пули миллӣ, нархи чиптаҳо бетағйир боқӣ мондаанд ва ин бар зарари ширкат аст.
Дар маҷмуъ раҳбарияти “Тоҷик Эйр” изҳор дошт, ки тайи 1,5 соли фаъолият ширкат 56 миллион сомонӣ фоида ба даст оварда, дар ҳаҷми 268 миллион сомонӣ қарзҳояшро кам кардааст. Масъулини “Тоҷик Эйр” афзуданд, аз 33 ҳавопаймое, ки доранд, феълан танҳо 6 ададашон коршоям буда, боқимонда дар бахши нигоҳдорӣ қарор доранд.