(ВИДЕО) Табибон: Вазъи ронандаи мошини “Ёрии таъҷилӣ” "миёнаи вазнин" аст
Табибон вазъи ронандаи мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро, ки шаш рӯз пеш ба садама дучор шуд, вазнин арзёбӣ мекунанд. Аммо мегӯянд, саломатии духтури “Ёрии таъҷилӣ” хуб буда, қарор аст, чанд рӯзи дигар ба хона рухсат шавад.
Аъзам Турдиев, яке аз се корманди “Ёрии таъҷилӣ”, ки чоршанбеи 20 январ дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе дучори садама шуданд, мегӯяд, худро беҳтар эҳсос мекунад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта буд, тақрибан соати 01:55-и 20 январ мошини ёрии таъҷилии “Хундай” аз кӯчаи Рӯдакӣ ба кӯчаи Исмоили Сомонӣ ҳаракат кардааст: “Дар ин замон мошини “БМВ-745”, рақами давлатиаш 0777 ВР 07, таҳти идораи ронандаи 24-сола - Сатторзода Аъзам Ҷамшед аз самти кӯчаи Рӯдакӣ бо суръати баланд ҳаракат карда, ба автомашинаи ёрии таъҷилӣ бархӯрдааст”. Дар натиҷа ҳамшираи тиббӣ – Зебӣ Самиева ва ронандаи “БМВ-745” дар беморхона ба ҳалокат расида, ду орманди дигари беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” бистарианд.
Аъзам Турдиев дар суҳбат ба “Озодагон” ҳодисаро ингуна шарҳ дод: “Мо бояд 24 соат дар хидмати халқ бошем. Он шаб, ки навбатдор будем, даъватҳо хеле зиёд буд. Ними шаб ба кӯчаи Зарафшон як даъвати фаврӣ шуд. Як зан бори аввал таваллуд мекардааст. Аммо то он ҷо нарасида, ба садама дучор шудем. Садама чунон сахт буд, ки ҳамшира аз дари мошин ба берун афтида, ман баробари садама аз ҳуш рафтаам”.
Ӯ мегӯяд, дар пайи ин зарба сараш осеб дида, ҷоғу даҳонаш шикаставу сутунмуҳраву қафаси синааш лат хӯрдааст: “Шукр, ҳоло саломатиам хуб аст”.
Файзалӣ Қосимов, ҷарроҳи ҷоғу рӯй дар Марказии миллии тиббии Тоҷикистон, маъруф ба беморхонаи Қарияи Боло, ки ба табобати Аъзам Турдиев машғул аст, мегӯяд, давоми чанд рӯзи дигар ӯро рухсат хоҳанд кард. Аммо вазъи ронандаи мошини “Ёрии таъҷилӣ” – Ҳабибулло Турсунов вазнин ёрзёбӣ мешавад. Намоз Мирзохон, мудири шӯъбаи садамаи пайваста ва ёрии таъҷилии беморхонаи Қарияи Боло дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт: “Баъди ҷароҳӣ ҳолати бемор миёнаи вазнин мебошад. Мо ҳама ёрии худро ба ӯ расонидем ва талош мекунем шифо ёбад”.