Раёсати фурудгоҳ: Дар баргардондани падари Кабирӣ аз сафар даст надорем
Рустам Холиқов, раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва ширкати “Тоҷик Эйр” мегӯяд, сабаби баргардондани бархе аз шаҳрвандон, аз ҷумла Тилло Кабиров, падари 95-солаи Муҳиддин Кабириро аз сафари хориҷа намедонад.
Холиқов, имрӯз, 26 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе таъкид кард, ки кормандони фурудгоҳ дар баргардондани ин афрод, аз ҷумла Тилло Кабиров аз сафари хориҷа даст надоранд. Ӯ афзуд, омили аслии ин раванд бояд аз мақомоти қудратӣ пурсида шавад.
Масъули дигари фурудгоҳ дар идомаи посух ба ин суол изҳор дошт, ҳар нафаре, ки аз сафари хориҷа баргардонда мешавад, маънои онро дорад, ки сафари ӯ ба хориҷи Тоҷикистон мамнӯъ мебошад. Аммо ӯ шарҳ надод, ки бар асоси кадом меъёр сафари шаҳрвандон метавонад ба хориҷи кишвар мамнуъ шавад.
Ин дар ҳолест, ки Тилло Кабиров, падари 95-солаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ субҳи 4 январ аз роҳи Туркия пас гардонда шуд, ба хона баргаштааст.