Баъди “нота”: Аслов Эронро бо лағви таҳримҳо табрик гуфт
Сироҷидин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо муовини вазири умури хориҷии Эрон Иброҳим Раҳимпур таҳдидҳои минтақавию ҷаҳониро баррасӣ карда, хостори таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар умури амният шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ Аслов зимни мулоқот, ки рӯзи 25-уми январ баргузор шуд, нахуст дипломатҳои Эронро ба муносибати рафъи таҳримҳо ва иҷрои тавофуқот дар робита ба барномаи ҳастаии ин кишвар табрик гуфтаст. Вазири тоҷик изҳори боварӣ кардааст, ки ин руйдоди таърихӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Эрон такони нав мебахшад ва нақши созанда ва масъулияти ин кишварро дар умури байналмилалию минтақавӣ боло хоҳад бурд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, зимни мулоқот инчунин дурнамои ҳамкориҳо дар умури сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуданд. Таъкид шудааст, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ва сармоягузориҳои муштарак ба энергетика, зерсохтори нақлиётӣ, кишоварзӣ ва саноат бояд афзоиш ёбад. Барои ин ҷонибҳо тақвияти кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангиро муҳим арзёбӣ намуданд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон афзуд, ки дар масъалаи мубориза алайҳи чолишу хатарҳои амнияти минтақавию байналмилалӣ ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид шуд.
Ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки истиқбол аз Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар конфронси байналмилалии Теҳрон боиси норозигии Тоҷикистон шуда буд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ин иқдоми Эронро хилофи дӯстӣ хонда, дар ин робита ба сафири ин кишвар дар Душанбе “нота” супорид.