Дар масҷиди нави Санкт-Петербург ду тоҷик имом хоҳанд буд
Охирҳои моҳи январ дар Санкт-Петербург як масҷиди нав ба фаъолият оғоз мекунад, ки дар он ду шаҳрванди Тоҷикистон имом хоҳанд буд. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар дода навиштаанд, нахустин намоз дар ин ибодатгоҳ ҷумъаи 29 январ гузошта мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ин масҷид ҳудуди 700 метри квадратӣ масоҳат дошта, дар ноҳияи Адмиралтейи хиёбони Маскав воқеъ аст.
Равил-Ҳазрат Панчеева, раҳбари Раёсати мусалмонони Санкт-Петербург ва Шимолу Ғарб гуфтааст, масъулияти имомии масҷид бар души се нафар – ду тоҷик ва як татар гузошта шудааст: “Мавъизаҳо дар ин ибодатгоҳ бо забони русӣ анҷом мешавад. Кори ибодатгоҳ зери назорати мо хоҳад буд”.
Расонаҳо навиштаанд, иҷора ва таъмири масдиҷ аз ҳисоби соҳибкорони мусалмон анҷом шудааст.
Ин сеюмин масҷид дар шаҳри Санкт-Петербург аст. Дар ҳамин ҳол манобеи торнамои “Фонтанка” гуфтаанд, соли 2016 дар кӯчаи Салов як масҷиди дигар фаъол хоҳад шуд.