Писари Зайд Саид: “Оилаву фарзандон ва ақрабо дар ин сармо куҷо раванд?
Хайрулло Саидов, писари бузурги Зайд Саид, соҳибкори зиндонии тоҷик мегӯяд, мақомот манзилҳои марбут ба бародарони падарашро, ки ба қавли ӯ “сиёсатро чизе намефаҳманд” мусодира карданианд.
Оқои Саидов дар ин бора дар саҳифаи фейсбукаш хабар дода гуфтааст, “қонуни мусодира ин аст, ки суд бояд исбот кунад. Масалан, хонае, ки мусодира мешавад, ғайриқонунӣ ба даст омадааст. Лекин хонаҳои фарзандон ба Зайд Саид ҳеч иртибот надоранд. Масалан, хонаи амакам солҳои 1970-1975 харида шудааст, ки Зайд Саид он замон донишҷӯ буду хона харида наметавонист ва наздики 30 нафар (4 оила бо фарзандонашон) дар ин хона зиндагӣ мекунанд. Яъне бо ин мусодираҳо фақат аз хонаводаи амакам аз калон то хурд 30 нафар бехона дар кӯча мемонанд”.
Ба иттилои ӯ, аз хонаводаи худи Зайд Саид бошад, 25 нафар фарзанду набера бехонаву ҷой мешаванд: “Ҳавлие, ки модарам харидааст он замон падарам дар муҳоҷират буданд ва гумон ҳам намекард, ки замоне вазир мешавад. Аққалан ҳангоми мусодира ба таърихномаи харид назар андозед, ки чигуна амали ғайриқонуние сурат гирифтааст, ки бояд ин амвол мусодира шавад”.
Хайрулло Саидов қазияи Зайд Саид ва хонаводаашро “қасосгирӣ” унвон карда, афзудааст: “Агар не, пас, ки ҷуръат мекунад, ки дар ин фасли сармо даст ба ин иқдоми бераҳмӣ бизанад ва чандин оиларо бесарпаноҳ ба як сарсониву саргардони мувоҷҷеҳ гардонад?”.
Дар идомаи навиштаи худ вай гуфтааст, “ҳар гоҳ ба мақомот ё ҷое даъват мешавем, баъди муҳокимаву баррасии масъалаҳо шахсони салоҳиятдор аз он ки аз асли қазия хуб огоҳ ҳастанд ва мехоҳанд бо ин тартиб азоби виҷдони худро каме ҳам бошад сабук намоянд, моро то дари баромад мегуселонанд ва ба мо рӯ оварда иброз медоранд, ки мо “солдат” ҳастем, фармону супориши болоро иҷро мекунем, чорае надорем, хафа нашавед, медонем, ки Зайд Саид бегуноҳ аст”.
Дар поёни матлабаш Хайрулло суол гузоштааст, ки “баъди мусодираи амволи супоришшудаи қазияи Зайд Саид, оилаву фарзандон ва ақрабои Зайд дар ин фасли сармо куҷо раванд, дар куҷо зиндагӣ намоянд?”
Зайд Саид баъди эълони азмаш дар бораи таъсиси ҳизбе бо номи “Тоҷикистони нав” боздошт шуд. Моҳи декабри соли 2013 Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро дар суистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвагирӣ ва таҷовуз ба номус муҷрим шинохта, 26 сол равонаи зиндон кард. Ҳамин додгоҳ моҳи июли соли 2015 ҳукми мусодираи амволи ӯро содир ва ба ҳукмаш 3 соли дигар зам кард.
Акс аз саҳифаи фейсбуки Хайрулло Саидов