Сайидмуҳаммад Алавизода дар бораи беҳбуди равобити Душанбеву Теҳрон
Хабаргузории “Форс” сафари Иброҳим Раҳимпур, муовини вазири хориҷаи Эрон ба Тоҷикистонро “боз кардани гуфтугӯи сареъ ва таъкид бар диалоги мустақим бо ҳадафи ҳалли мушкилот” хондааст.
Сайидмуҳаммад Алавизода, муаллифи ин матлаб ба “хатоҳои стратегӣ”-и ду тараф ишора карда, онҳоро “омили ҷиддии фосила ва ихтилофгирии ду кишвар аз якдигар” гуфтааст. Ба қавли ӯ, ин танишҳоро бояд дар замони кунунӣ беш аз ҳар замоне ҷиддӣ гирифт. Алавизода афзудааст: “Лозим аст Тоҷикисон бо огоҳӣ аз иқдомоти хасмона алайҳи Исломи миёнарав коста ва тарафи эронӣ низ ба дунболи ҷуброни мофот (он чи гузашта) эътимоди аз дастрафтаи тарафи тоҷикиро эҳё кунад”.
Дар ин матлаб ба иштироки Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон ҳам ишора гардида, он яке аз далелҳои тира шудани равобити Эрону Тоҷикистон қаламдод шудааст. Бо ин ҳол муаллиф менависад: “Албатта, ҳузури Кабирӣ дар ин конфронс иқдоми бесобиқа набуд ва вай ба таври маъмул ба унвони як чеҳраи шинохташудаи Осиёи Марказӣ бидуни дарназардошти мулоқоти сиёсӣ ҳамчун давраҳои гузашта ба ин маросим даъват шудаву сирфан ба ҷиҳати ошноиҳои гузашта барномаҳои ҳузур ва мулоқотҳои вай низ танзим ва ба мавриди иҷро расид”.
Ба навиштаи Алавизода, ин бор мақомоти тоҷик бар бардошти нодуруст аз чароии даъват аз Кабирӣ аввал бо эҳзори сафири Эрон ва сипас дар сатҳи расона вокунишҳоеро оғоз кард. Ба таҳлили муаллифи матлаб Эрон дар тамоми ин муддати вокунишҳои мақомоти Тоҷикистон сукутро ихтиёр кард, ки ба қавли ӯ “дар ду сурат метавон ба тафсири он пардохт”. Ӯ афзуда, “ибтидо бинобар таҷрибаи адами мавзеъгирӣ нисбат ба воқеаҳои дохилии моҳҳо ва солҳои гузаштаи Тоҷикистон ин бор низ тасмимсозони кишвар бинобар суннати даъват аз Кабирӣ вайро ба ин конфаронс даъват ва ба далели он ки ҳадафе дар паси ҳузури вай надоштан, сиёсати сукутро баргузида назорагари рафтори Тоҷикистон буданд. Ва дуввум Эрон ба ҷиҳҳати нишон додани ҳусни нияти худ ва парҳез аз доман задан ба муноқиша сиёсати сукутро дар пеш гирифт то дар фурсати муносиб ба ҳалли он пардозад”.
Муаллиф менависад, акнун замоне, ки Эрон ба таври ногаҳонӣ фаъол мешавад ва ба якбора баъд аз сукуте муддатдор ба даъват аз Кабирӣ даст мезанад, ҳассосияти тарафи тоҷикиро ба таври табии бармеангезад, ки чаро Эрон ногаҳон дар ин мақтаи замонӣ чунин вокунише аз худ нишон дод ва аз ҷиҳате, ки тоҷикон дар хусуси чароии рафтори Эрон пешзаминае надошта ва надоранд фақат ин масъаларо маҳдуд ба мавзӯи исломият карда ва Эрон мутаҳҳам ба дифоъ якҷониба аз як масъалаи динӣ мешавад: “Ин заъфро бояд бипазирем, ки ин мушкил дар равобити ду кишвар вуҷуд дорад. Мо аз фурсатҳои бисёре аз қабили забони муштарак ва фарҳанги комилан муштараки тамаддунӣ бархӯрдорем, вале чаро бо дигарон ин мушкил вуҷуд надорад? Чаро бояд Эрон ба унвони яке аз тарафҳои муҳим дар баҳси музокироти байни тоҷикҳо чандон бо барнома амал накард?”
Вай дар идома мегӯяд, интиқоде, ки нисбат ба Эрон вуҷуд дорад, ин аст ки баъд аз марҳилаи сулҳ дигар онгуна ки бояд, рафтор накард. Баръакси ин кишвар Туркия шабакаи мадориси худро роҳандозӣ кард ва дар тӯли ин муддат чанд ҳазор нафар шогирдро парвариш дод ва онон акнун дар сохторҳои мухталиф чи дар сатҳи миллӣ ва чи дар сатҳи байналмилалӣ фаъол буда ва боздеҳии муносибе барои кишвари Туркия ба бор овардаанд. Дар ниҳоят ин ки дар пасманзари он нақши калидии Эрон дар таъмини сулҳ, Эрон натавонист эътимодеро ки дар ду тарафи ба унвони як кишвар солеҳ ва хайрхоҳи тоҷикон аз Эрон доштанд, ҳифз кунад. Эрон дар фардои сулҳи Тоҷикистон тасаввур кард, ки ҷойгоҳи ин кишвар ба таври собит барқарор гардидаву фаромӯш кард, ки субот ва нақшофаринӣ ниёз ба кору талош ва эътимодсозӣ дорад: “Бинобар ин дар шароити феълӣ агар Эрон қасде барои асаргузорӣ дар равобити беҳбуди шароити ҳамкориро мехоҳад, боястӣ ба бозтаърифи рафтори худ дар кишвари Тоҷикистон пардохта ва ба сурати воқеъӣ масоили ин кишварро дунбол ва нисбат ба он ҳассосият дошта бошад”.
Сайидмуҳаммад Алавизода мегӯяд, дар равобити байни кишварҳо давлатҳое бихоҳанд ба нафъи манофеи худ дахолат карда ин як масъалаи қатъӣ аст ва ҳеч кас ин масъаларо рад намекунад, аммо таъсироти манфие, ки ин кишварҳо дар сурати бозӣ хурдан дар замини кишварҳои қудратманд хоҳанд дид, ба таври қатъӣ дар оянда зарарҳои намоён хоҳанд кард. Ба ин тартиб муаллифи матлаб сафари муовини вазири корҳои хориҷиро талоши тарафи эронӣ барои кам кардани танниш дониста аст. Аммо, ӯ суол мегузорад, ки “бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти мавҷуд дар равобити ду кишвар, ки бо чунин муҳаррикҳое худро нишон медиҳанд, оё бастараҳои лозим барои як тағйири ҷиддӣ фароҳам гардидааст то битавон нисбат ба натоиҷи сафари мақоми аршади дипломатӣ ба Тоҷикистон умедвор буд?”
Ба бовари Алавизода, дар ростои беҳбуди равобити ду кишвар ирода ва ҳушёрии ҳарду тараф лозим аст то аз вуруд ва нақшофаринии кишварҳо ва ҷараёнҳои номарбут ба ҳавзаи тасмимгириҳои калони худ дар равоибит бо дигар кишварҳо худдорӣ кунанд. Сайидмуҳаммад Алавизода, зарфияти ҳамсонии Эрон ва Тоҷикистонро роҳҳали дигаре барои бурунрафт аз тирагии равобит дониста гуфтааст: “Иртиботи мардумӣ ва дипломатии умумӣ метавонад мададкори дипломатии расмӣ гардад. Мутаассифона, дар солҳои ахир иртиботи мардумии ду кишвари ҳамроҳ нисбат ба гузашта коҳиш ёфтааст”.
Муаллифи матлаб амиқ шудани равобити Риёз ва Душанберо яке аз умдатрин масъала донистааст, ки бар робитаи Эрону Тоҷикисон таъсиргузор аст. Ӯ гуфтааст: “Бинобар шавоҳиди мавҷуд тайи солҳои ахир намояндагиҳои сиёсии кишварҳои Арабистон, Қатар ва Туркия дар Душанбе беш аз ҳар чизе нисбат ба фаъолиятҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ҳассос буда ва дар арсаҳои сиёсӣ, идеологӣ, фарҳангӣ ва мазҳабӣ иқдомотеро дар назар гирифтаанд, то ба коҳиши нуфузи Эрон дар ин кишвар даст пайдо кунанд”.
Оқои Алавизода амалкардҳои ҳаводорон ва мубаллиғони салафиятро дар ин замина муваффақ гуфта, ба даст доштани онҳо дар ростои эронҳаросӣ ишора кардааст. “Албатта, як нуктаи зарифи дигар ҳам инҷо матраҳ аст, бархе мақомоти Тоҷикистон ингуна тасаввур мекунад, ки бо истифода аз кумакҳои иқтисодӣ ва зарфияти молии Арабистон метавонанд, барои мисол, барои сохти роҳу ҷода баҳрабардориҳое анҷом диҳанд, вале рӯи дигари сикка он хоҳад буд, ба дунболи ин кумаки молӣ, мавзӯъоти дигаре, аз ҷумла тарвиҷи ифротият дар кишвар матраҳ хоҳад шуд. Дар сурати тезҳушии тарафи тоҷик ҳузури Кабирӣ дар назди мақомоти аршади Эрон ба ҷиҳати собиқае, ки Эрон дар сатҳи низоми байналмилал дорост, на ба маънои ҳимоят аз хушунат ва ифротгароӣ, балки муносиб аст ба маънии ҳимояти Эрон бар парҳез аз хушунат ва гароиш ба ифротгароӣ таъбир гардад. Баръакс, наздикӣ бо Арабистон бо он собиқаи ҳимоят аз терроризм ва ДОИШ дар воқеъият хатари ҷиддӣ боястӣ таллақӣ шуда ва дар ин замина бо ҳушёрии бештаре амал намоянд, ки ин масъала лузуми тарроҳии як плони муносиб аз сӯи Теҳрон барои дарки комили Душанбе аз фурсати таҳкими муносиботи сиёсӣ бо Эронро талаб мекунад”,-афзудааст муаллиф.
Ӯ дар идома навиштааст, шароити ҷадиди Эрон ба дунболи рафъи маҳдудиятҳои дипломатӣ ва иртиботӣ дар равобити миёни Теҳрон ва Душанбе, ки бархе мавзӯъоти муртабит бо таҳримҳо бар он таъсиргузор буд, мусбат таллақӣ мегардад. Албатта, ин масъала замоне сидқ хоҳад кард, ки таҳримҳо ва мушкилоти ошияӣ аз қабили масъалаи марбут ба Бобак Занҷониро дар чароии сатҳи пойини муносиботи Эрон ва Тоҷикистон дахил бидонем. Дар ҳоле ки бинобар он чӣ гуфта шуд, мушкилот марбут ба равобити 2 кишвар аз сутуҳе роҳбурдӣ ранҷ мебарад, ки ҳаллу фасли он ва дар ниҳоят тарроҳии як стратегияи куллан дуҷониба танҳо бо пайгирӣ ва азми ҷиддӣ барои рафъи мушкилоти аз пешгуфта имконпазир аст: “Пас ба интизор хоҳем нишаст, то натоиҷи амалии сафари муовини вазири умури хориҷа дар фурсати муносиби кунуниро фориғ аз таъоруфот дипломатӣ ва бо назардошти зарурати ҳаллу фасли мушкилот роҳбурдӣ гуфта шуда, шоҳид ва назорагар бошем”.