Вазир: Ҳалимов маъюб аст ва 100 $ нафақа мегирад
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 999 тоҷикистонӣ феълан ба сафи гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” пайвастаанд.
Ҷаноби Раҳимзода имрӯз, 25 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе бо зикри ин нукта афзуд, мақомоти Тоҷикистон соли гузашта 61 нафарро аз “Давлати исломӣ” ва 100 каси дигарро аз марзи Туркия бо Сурия баргардондаанд.
Дар мавриди Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи “ОМОН”-и Тоҷикистон, ки соли гузашта ба “Давлати исломӣ” пайваст, Рамазон Раҳимзода иттилоъ дод, ки ду бор захмӣ шуда, феълан дар ҳолати вазнин қарор дорад. Вазири умури дохилӣ гуфт, феълан барои Гулмурод Ҳалимов 100 доллари амрикоӣ нафақаи маъюбӣ таъин шудааст: "Ӯ тақдирашро худаш маълум кард".
Собиқ фармондеҳи “ОМОН” ки 27-уми майи соли 2015 пас аз як моҳи бедарак шуданаш тариқи навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба ДИИШ иттилоъ дод, феълан бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мавриди кофтукоби байналмилалӣ қарор дорад.