Қонуншикании 58 милисаи тоҷик дар як сол
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, соли 2015 58 корманди милиса даст ба қонуншиканӣ задаанд.
Раҳимзода, имрӯз, 25 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, 58 корманди милиса, ки соли гузашта даст ба қонуншиканӣ заданд, аз вазифаҳояшон барканор шуда, мавриди муҷозот қарор гирифтанд.
Қонуншикании милисаҳо дар ҳолест, ки тибқи таҳқиқоти сотсиологии охир 50,2 фоизи мардуими Тоҷикистон ба кормандони мақомоти дохилӣ эътимод надоранд.