Раҳимзода: Ба Эрону дигарон гуфтем, ки Кабирӣ дар ҷустуҷӯст, аммо...
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар робита ба қасди табаддулоти давлати моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистонро дар кофтукоби байналмилалӣ қарор додаанд.
Раҳимзода, имрӯз, 25 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе таъкид кард, ки ба Эрон ва тамоми кишварҳои дигари аъзои Интерпол хабар додаанд, ки Кабирӣ дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Ба гуфтаи вазири умури дохилӣ Кабирӣ бо вуҷуди кофтукоби байналмилалӣ ба бархе кишварҳо аз ҷумла Эрон сафар мекунад. Вазир афзуд, кишварҳое, ки Кабириро ба қаламрави худ роҳ медиҳанд, бояд ҳатман сабаби ин иқдомашонро шарҳ диҳанд: "Аммо мутаассифона бархе кишварҳо то ҳол посух надодаанд".
Раҳимзода иттилоъ дод, ки то ҳол зиёда аз 200 узви гуруҳи ҷиноии собиқ ноиби вазири мудофиа - Абдуҳалим Назарзодаро боздошт кардаанд.
Ӯ гуфт, аз 200 узви ҳабсшудаи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, 11 нафарашон ихтиёран ба мақомот таслим шудаанд. Вазири умури дохилӣ илова кард, ки 28 шарики дигари Ҳоҷӣ Ҳалимро моҳи сентябри соли гузашта мардум боздошт намуд. Ба гуфтаи вазир теъдоди шарикони кушташудаи Ҳоҷӣ Ҳалим дар моҳи сентябри соли гузашта, 38 нафарро ташкил дод.
Вазири умури дохилӣ афзуд, феълан беш аз 900 узви созмонҳои экстремистию террористӣ дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Ба гуфтаи вазир, дар маҷмӯъ соли 2015, 21 ҳазору 585 ҷиноят ба қайд расида, 19 ҳазору 118 адади он ошкор шудааст.