Сабқати беҳтаринҳо: Қувватова омӯзгори сол эълон шуд
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон натиҷаи озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2015»-ро , ки аз 18 то 20 январ дар ин ниҳод ҷараён дошт, эълон кард.
Тибқи иттилои Вазорат дар марҳилаи ниҳоӣ ғолибони даври вилоятӣ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе-Зебоҷон Аминова, омўзгори фанни математикаи Литсеи политехникии шаҳри Хуҷанд, Рисолат Броимшоева, омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ноҳияи Роштқалъа, Рафоат Қувватова, омўзгори фанни таърихи гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, Худойназар Ҳақназаров, омўзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Фархор ва Тоҷиниссо Шарипова, омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ноҳияи Шаҳринав иштирок намуданд.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи се рӯзи сабқати ниҳоӣ «Омўзгори соли Тоҷикистон-2015» омўзгори фанни таърихи гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Рафоат Қувватова дониста шуд.
Ба ғолиби озмун ва иштирокдорони даври ниҳоӣ туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм супорида шуданд.