16 сол ҳабси “ситораи попи тоҷик” барои фурӯши героин (ВИДЕО)
Додгоҳи ноҳияи Мотовалихини вилояти Перм Қаҳрамони Шарифзод, сарояндаи попи тоҷикро дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гунаҳкор дониста, ба 16 соли зиндон маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои додситонии Перм дар мурофиаи додгоҳӣ исбот шудааст, ки Шарифзода дар 4 ҳолати муомилоти ғайриқонунии героин бо вазни умумии 320 грам даст дорад. Ба иттилои манбаъ додгоҳ инчунин Шарифзодро муваззаф ба пардохти 500 ҳазор рубл ҷарима ба фоидаи давлат кардааст.
Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддир дар Русия 17 сентябри соли 2014 аз боздошти як сарояндаи попи тоҷик дар Перм хабар дод, ки ба гуфтаи ин ниҳод ба "нашъаҷаллобӣ дар ҳаҷми калон" машғул будааст. Ба дунбол Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пасманзари нашри хабарҳо дар мавриди боздошти сарояндаи попи тоҷик - Қаҳрамони Шарифзод, бо нашри як иттилоия гуфт, Шарифзод дар ин ниҳод ҳамчун истеъмолкунанда ва фурӯшандаи маводи мухаддир сабт шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ Қаҳрамони Шарифзод, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ буда, дар қайдҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамчун истеъмолкунанда ва фурӯшандаи маводи махаддир мегузарад. Ин ниҳод таъкид мекунад, номбурда ба санъати тоҷик ягон муносибат надорад.
Ба иттилои мақомоти зидди маводи мухаддири Русия Шарифзод се моҳ қабл аз боздошташ ба Перм омада, аснои бозпурсӣ гуфта, ин ҷо барои таҳияи клипи наваш омадааст. Дафтари матбуоти ин ниҳод тасдиқ мекунад, ки зимни муайянсозии шахсияти боздоштшуда, маълум гардид, ӯ дар Тоҷикистон ба сарояндагӣ машғул буда, ҳатто дар барномаҳои солинавии телевизионҳои давлатӣ иштирок кардааст. Қаҳрамони Шарифзод ҳарчанд дар раддаи аввали овозхонҳои попи тоҷик қарор надорад, аммо сурудҳои "Ориёӣ", "Вақте танҳоям", "Модар", "Ватан", "Ғарибӣ", "Нозанин" ва "Оре"-и ӯ миёни шунавандаҳо маъруф буданд. Дар гузориши телевизионие, ки шабакаҳои русӣ намоиш додаанд, як пора аз клипи "Оре" пахш шудааст.