Радди овозаҳои "рейд" алайҳи кормандони фирории "Алфа"
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ сарусадоро, ки гӯиё “рейд”-и мусаллаҳонаи рӯзи якшанбе ба фирори 11 корманди нерӯҳои махсуси қудратӣ дар Бадахшон рабт дорад, беасос хонд.
Охири ҳафтаи гузашта дар интернет хабарҳо паҳн гардиданд, ки гӯиё беш аз 10 корманди нерӯҳои махсуси Тоҷикистон-“Алфа” дар Бадахшон худсарона макони хидматашонро тарк карда, фирор намудаанд.
Аммо вазири умури дохилии Тоҷикистон ин сарусадоро беасос хонда, шидати тадобири амниятӣ дар Душанбе ва навоҳии кишварро, ки рӯзи 24 январ сурат гирифт, санҷиши ҳолати омодабоши нерӯҳои дохилӣ унвон кард.
Раҳимзода изҳор дошт, ки мақомот минбаъд низ чунин санҷиш, рейд ва омодагиҳоро хоҳанд гузаронд ва он набояд боиси безобита ва хавотиршавии мардум гардад: “Ин тайёрии мақомот барои таъмини бехатарии шаҳрвандон аст ва ҷое барои таҳлукаю безобиташавӣ нест”.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи якшанбеи 24 январ даромадгоҳҳои шаҳри Душанбе, хиёбонҳои асосӣ ва биноҳои муҳими давлатиро теъдоди зиёди кормандони мусаллаҳи милиса посбонӣ мекарданд.
Дар пасманзари қасди табаддулоти мусаллаҳонаи Ҳоҷӣ Ҳалим дар моҳи сентябри соли гузашта, дубора ба кӯча рехтани теъдоди зиёди қудратиҳои низомӣ боиси таҳлука миёни бархе аз сокинон ва паҳн шудани овоза дар бораи нооромии навбатӣ шуд, ки баъдан аз сӯи мақомот рад гардид.