Мусодираи “Ёқути сурх” аз сокини 33-солаи ноҳияи Рӯдакӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии металҳои қиматбаҳо як сокини ноҳияи Рӯдакиро боздошт кардааст.
Ба иттилои торнамои расмии ин ниҳод, ин марди 33-сола рӯзи шанбеи гузашта дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии кормандони милиса дастгир шудааст: “Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда мувофиқи маълумотномаи иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 240,22-грамм сангҳои қиматбаҳои “ёқути сурх” дарёфт ва мусодира карда шуд”.
Ба иттилои ВУД, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.