ТОП-50: Парвина Шукруллоева, Шоҳрух Саидов, Парвина Ибодова ва...
Ширкати телевизион ва радиои “Ватан” ғолибони озмуни “ТОП-50” ё 50 хушсалиқаи шаҳри Душанбе барои соли 2015-ро муаррифӣ кард.
Дар маросиме, ки шоми 22 январ дар меҳмонхонаи “Ҳайят реҷенси Душанбе” баргузор шуд, исми 50 нафаре эълон гардид, ки доварон аз миёни беш аз 300 нафар онҳоро “50 нафари фарқкунанда” эътироф кардаанд.
Хуршеди Атовулло, раҳбари Маркази тадҷиқоти журналистии Тоҷикистон, Таҳмина Рамазонова, овозхони гуруҳи “Авесто”, Парвина Шукруллоева, сарояндаи замоне номовар, Шоҳрух Саидов, президенти бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе, Парвина Ибодова, ҳуқуқшиноси шинохта, Александра Леонова, яке аз нахустин наттоқони телевизиони Тоҷикистон ҳам дар қатори ғолибони “ТОП-50” буданд.
Феҳраси комили барандаҳои озмун:
1. Шоҳрух Саидов
2. Ниссо Азизова
3. Ёдгор Исломбеков
4. Рукатмо Минглиева
5. Суҳроб Забиров
6. Хуршед Атовулло
7. Нигина Ҳакимова
8. Аюб Одинаев
9. Таҳмина Рамазанова
10. Далер ва Сабина Тураевҳо
11. Александр Бахман
12. Мунира Дадаева
13. Шаҳриниссо Яковлева
14. Азамат Қосимов
15. Наргис Абдуназарова
16. Акмал Ҳасанов
17. Искандар Усмонов
18. Александра Леонова
19. Давлатбӣ Муминова
20. Фирӯза Носирова
21. Фаррух Хоҷаев
22. Зураб Кокоев
23. Дина Миллер
24. Азиза Миралиева
25. Гулчеҳра Шарипова
26. Раҳмон Улмасов
27. Асад Голубев
28. Фаррух Сафарзода
29. Парвина Ибодова
30. Ҷамшед Бобоалиев
31. Азиз Мирзоев
32. Сано Калонова
33. Ҷамшед Исмоилзода
34. Лилия Гайсина
35. Боев Боймурод
36. Парвина Шукуруллоева
37. Манзура Ҷӯраева
38. Аброр Назаров
39. Бахтиёр Турсунов
40. Санҷар Саудӣ
41. Сабина Шаймарданова
42. Акбар Муратов
43. Нодира Мазитова
44. Тимур Бандишоев
45. Ҷэк Рок
46. Азамат Зякиряев
47. Дилафрӯз Толибова
48. Фирдавс Хоҷимуродов
49. Ҳабибулло Ибодов
50. Нигина Назарова
Ҷоизаи “ТОП-50” яке аз бузургтарин лоиҳаҳои радиои “Ватан” буда, имсол барои бори панҷум эъто шуд.
Радиои “Ватан” фаъолияти худро 7 майи соли 2003 оғоз карда, дар пойтахти кишвар ва атрофи он рӯи мавҷи 106 ФМ пахш мешавад. Инчунин, радиои мазкур дар маркази вилоятҳои Суғд (103,3 ФМ), Хатлон (102,4 ФМ) ва Бадахшон (105 ФМ) низ қобили шунидан аст.