Манбаъ афзуд: «Тоҷикистон ташаббускор ва иштирокчии фаъоли конфронсу анҷуманҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба Афғонистон мебошад. Аз ҷумла, ҳайати кишвари мо дар конфронсҳои қарибулвуқӯи Истамбул (2 ноябри соли 2011) ва Бонн (5 декабри соли 2011) иштирок хоҳанд кард». Таҷрибаи кишварҳое, ки бо ҶИА робита доранд, нишон медиҳад, ки пайгирӣ ва татбиқи барномаҳои муайян ва расидан ба ҳадафҳои мушаххас, таъйин намудани намояндаи ин ё он кишварро тақозо мекунад.
Маврид ба тазаккур аст, ки феълан дар назди вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гурӯҳи кории доимамалкунанда оид ба корҳои Афғонистон созмон дода шудааст.{jathumbnail off}