Ҷаримаи ронандаҳои ҳиҷобпӯш дар Тошканд
Наргиза, як сокини шаҳри Тошканд гуфтааст, кормандони БДА ӯро танҳо барои бо ҳиҷоб ронандагӣ кардан, ҷарима бастаанд. Аммо раҳбари хадамоти матбуотии бахши амнияти ҳаракат дар роҳи Раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд Зоирҷон Саидалиев, ин суханҳоро рад кардааст.
Маъракаи мубориза бо ҳиҷобпӯшии занҳо дар Узбакистон соли нахуст мушоҳида намешавад. Қаблан бахшии узбакии Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки кормандони ниҳодҳои интизомӣ занҳоро маҷбур мекунанд, ки рӯсарии худро на ба гунаи кишварҳои арабӣ, балки тибқи расму русуми миллӣ бубанданд.
Моҳи декабри соли гузашта расонаҳо навишта буданд, ки кормандони ниҳодҳои қудратӣ дар кӯчаҳои шаҳр ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ӯзбекзанҳои ҳиҷобпӯшро боздошт ва таҳдид мекунанд. Дар сурати саркашӣ кардан аз гирифтани ҳиҷоб, занҳо ба маблағи 700 ҳазор сӯм (қариб 114 доллар) ҷарима ва ё то 2 сол равонаи зиндон мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, фаъолони маҳаллаҳо тасдиқ карданд, ки бо занҳои ҳиҷобпӯш бо супориши ҳукматҳо, шаҳрдорӣ ё ВКД Узбакистон сӯҳбатҳо анҷом медиҳанд.
Дар моҳи сентябри соли 2015 раҳбарияти таваллудхонаи №2 дар Тошканд аз кормандони худ талаб карда буд, ки ба кор бо рӯсарӣ ҳозир нашаванд ва онҳое, ки аз ин амр сарпечӣ карданд, аз кор барканор шуданд.