Лағви қарордод бо Русия дар бораи сохтмони неругоҳҳо
Қирғизистон қарордоди байниҳукуматӣ бо Русия дар мавриди сохтмон ва истифодаи неругоҳи барқи обии “Қамбарота-1” ва силсилаи неругоҳҳои Норини болоиро бекор кард.
Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури ин кишвар рӯзи гузашта зери қонунҳое имзо гузошт, ки ба Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон супориш дода мешавад, ҷониби Русияро дар бораи қатъи ин қарордодҳо огаҳ созад. Ин қонунҳо баъд аз 15 рӯзи нашри расмии онҳо ҳукми қонунӣ мегиранд.
Қарордҳои байниҳукуматӣ 20 сентябри соли 2012 дар Бишкек имзо шуда буданд. 31 декабри соли 2015 ҳукумати Қирғизистон ин қарордодҳоро бекор кард. Пештар раҳбари Ширкати миллии энержӣ Ойбек Калиев гуфта буд, ки баъд аз бекор кардани ин қарордод барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Қамбарота -1” ва силсилаи нерӯгоҳҳои Норини болоӣ дар тӯли шаш моҳ сармоягузорони нав пайдо мешаванд.