(ВИДЕО) Раиси Кумита: Сад бор ба президент сар хам кардан даркор
Хайриддин Абдураҳимов, раҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, миёни аҳолии водии Бартанг, ки дар пайи зилзилаи шадиди моҳи декабри соли 2015 зарар диданд, баъзе гуфтумонҳо баланд шудааст.
Ҷаноби Абдураҳимов 22 январ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, баъзе аз сокинони ин водӣ даъво доранд, ки чаро барои аҳолии Барсем, ки соле қабл аз сел хисорот бардоштанд, манзил дуруст шуд, аммо барои онҳо на. Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, барои зарардидаҳои Бартанг низ кумакҳо ироа шудааст. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, танҳо дар Тоҷикистон аст, ки ҳукумат барои зарардидаҳо новобаста аз мавҷудияти суғурта манзил месозанд: “Дар ҷаҳон ин хел нест, танҳо дар Тоҷикистон. Дар дигар кишварҳо агар хона хароб шуд, омада мебинанд агар суғурдта дошта бошӣ, бо ту гап мезананд, набошад, не”. Аз ин лиҳоз ба гуфтаи ӯ, “миллати мо ба президент сад бор сар хам карданаш даркор”.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хисороти зилзилаи рӯзи 7 декабри соли 2015 дар Бадахшонро бештар аз 34 миллион сомонӣ арзёбӣ кард. Ҷамшед Камолов, сардори раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳудуди кумита дар нишасти хабарии рӯзи 22 январ гуфт, мувофиқи таҳқиқи онҳо бар асари заминларза 141 манзил пурра зарар дида, 502 хонаи дигар қисман корношоям шудааст: “Баъди чанд такони дигари замин дубора комиссия таъсис карда шуд, ки бар асоси нишондоди онҳо 146 хона пурра ва 503 хона қисман зарар дидааст”.
Шиддати заминларзаи 7 декабр, ки маркази он ҳудуди ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон гуфта шуд, 7,2 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер будааст. Ин зилзила ду кушта ва даҳҳо захмӣ ҳам дошт.