Афзоиши “рӯйхати сиёҳ” ва коҳиши интиқоли ҷасади муҳоҷирон аз Русия
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, соли 2015 аз Русия ҷасади 807 муҳоҷири тоҷик ба Ватан оварда шудааст.
Сумангул Тағозода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, имрӯз, 22 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, интиқоли ҷасади муҳоҷирон соли гузашта коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи Тағозода соли 2014 ба Тоҷикистон 869 ҷасади муҳоҷирон интиқол ёфта буданд.
Вазири муҳоҷират инчунин аз коҳиши сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ хабар дода, афзуд, ки соли 2015 аз ҷумҳурӣ 552 ҳазору 596 шаҳрванди кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки нисбати соли пешӣ 18% кам аст: “Аз ҷумла 541 ҳазору 636 нафар ба Русия ва 10 ҳазору 957 нафар ба Қазоқистон сафар кардаанд”.
Тағозода сабаби коҳиши теъдоди муҳоҷирони меҳнатиро ба буҳрони иқтисодӣ дар Русия ва зиёд шудани шаҳрвандони мамнуъулвуруд рабт дод. Ба гуфтаи ӯ феълан беш аз 333 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар феҳрасти афроди мамнуъулвуруд дар Русия қарор доранд.