Ҳалокати зани тоҷик аз “зукоми хук” ва талоши Вазорат алайҳи вируси марговар
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, аз қазияи як зани тоҷик, ки бино ба гузоришҳо аз вируси Н1N1 ё “зукоми хук” дар Маскав ба ҳалокат расидааст, аз расонаҳо иттилоъ ёфтаанд.
Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон имрӯз, 22 январ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “мо танҳо фаҳмидем, ки ин зан 1,5 сол будааст, ки дар Русия қарор доштааст. Дигар иттилое надорем”.
Расонаҳои Русия рӯзи гузашта (21 январ) аз ҳалокати Соҳиба Мустафоқулова, як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои ин расонаҳо итн зан шаби 20 ба 21 январ дар бахши реаниматсияи бемористони рақами 31-уми шаҳри Маскав бар асари вируси Н1N1 даргузаштааст.
Дар ҳамин ҳол, Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз сирояти вируси Н1N1 ё “зукоми хук” дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгоҳи “Термо-Сканер” насб шудааст: “Ҳангоми ворид шудан ба фурудгоҳ шаҳрвандон аз назорати ҳамин дастгоҳ мегузаранд. Ҳамчунин ҳангоми рухсат шудани шаҳрванд ба тайёра мутахассиси тиб ҳолати онро месанҷад. Дар ҳолати муайян кардани беморӣ ба беморхона бурда мешаванд”.