Дарёфти тангаҳои тиллоии Русияи подшоҳӣ аз сокини 25-солаи Суғд
Мақомоти пулиси вилояти Суғд, марди 25-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар муомилоти ғайриқонунӣ бо металҳои қимматбаҳо муттаҳам мекунанд.
Тибқи иттилои пулис ин ҷавон рӯзи 21-уми январ боздошт шуда, дар вақти кофтукоб аз ӯ 6 адад тангаи қадимии тиллоӣ бо навиштаҷоти “10 рубль” дарёфт гардид.
Мақомоти умури дохилӣ бо такя ба ташхисгарони давлатӣ таъкид мекунанд, ки вазни умумии тангаҳои ёфтшуда, 51,49 граммро ташкил медиҳад: “Феълан тангаҳо мусодира шуда, тафтиши парванда аз рӯи ин ҳодиса идома дорад”.