Ҳушдори Сарвазир аз вуҷуди шиддатнокӣ дар бозори асъор
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, мегӯяд, сарфи назар аз тадбирҳои андешидашуда, шиддатнокӣ дар бозори асъори кишвар боқӣ мондааст.
Расулзода 21 январ дар ҷаласаи васеи ҳукумат коҳиши феълии қурби сомониро ба поинравии нархи нафт дар ҷаҳон рабт дод, ки ба гуфтаи ӯ боиси коҳиши қурби пули миллӣ дар аксари кишварҳои минатақа ва ҷаҳон шудааст.
Ба гуфтаи сарвазири Тоҷикистон тадбирҳои ҳукумат тавонистанд, то ҷое муътадилии гардиши пул дар иқтисодиёт, субботи низоми молиявии кишвар ва муътадилии нархҳоро таъмин кунанд. Ӯ таъкид намуд, ки сарфи назар аз ин табирҳо шиддатнокии вазъи таъминоти бозори мубодилаи асъор боқӣ монда, фаъолияти соҳибкорҳо ва аз иштирокдорони тиҷорати хориҷӣ нисбатан маҳдуд гардидаст.
Тибқи таҳлили ироакадаи Қоҳир Расулзода, новобаста аз таъсири буҳрони ҷаҳонӣ ва беқурбшавии пули миллӣ нархи маҳсулоти ғизоии дохилӣ нисбати моҳи январи соли 2015 поин фаромадааст: “Аммо нархи маҳсулоти ғизоии воридотӣ аз 8 то 30 дарсад боло рафтааст”.