Дар Тоҷикистон бори 15-ум маҳбусонро афв мекунанд
Дар Тоҷикистон ба хотири 25-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, ки 9 сентябри соли 2016 таҷлил мегардад, қонуни афв таҳия мешавад. Дар ин бора CA-News, пойгоҳи хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба манобеаш дар Ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, тарҳи ин қонун қарор аст, тайи шаш моҳи оянда таҳия ва қабул гардад: “Ин масъала ба нақшаи ҳукумат барои соли 2016 ворид карда шудааст”.
Ин 15-умин қонуни афви маҳбусон дар Тоҷикистон аз замони ба Истиқлол расидани кишвар хоҳад буд. Бори охир дар ҷумҳури моҳи октябри соли 2014 ба хотири 20-умин солгарди қабули Сарқонун қонуни афв қабул гардид, ки ҳудуди 10 ҳазор маҳбусро фаро гирифта буд.