Сабукии Тошканд барои интиқоли бору мусофирон аз Тоҷикистон
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи музокирот бо мақомоти роҳи оҳани Узбакистон созиш дар бора ироаи тахфифи тарафайн ҳосил шудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод “Узбакистон темир Йуллари” барои интиқоли маҳсулоти нафтӣ, алюминий ва хокаи алюминий тариқи қитъаи роҳи оҳани Қарақалпоқистон-Қудуқли ва Келес-Қудуқлӣ ба ҷониби Тоҷикистон 15% тахфиф пешниҳод кардааст: “Барои интиқоли дигар намуди борҳҳо 10% сабукӣ ироа гардидааст”.
Инчунин Тоҷикистону Узбакистон коэфисентҳои баландкунандаи тарофаро, ки то ҳол дар қитъаи роҳи оҳани Болдир-Қудуклӣ ва баръакс истифода мегардидаанд, бекор кардаанд.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, барои интиқоли мусофирон дар ҳамаи хатсайрҳо аз ҷониби Узбакистон тахфифи 15 %-ӣ барои соли 2016 пешниҳод гардидааст, ки бори аввал дар муносибати байни роҳҳои оҳани ин ду кишвар мебошад.