Шарҳи Кумитаи меъморӣ дар бораи тахриби чойхонаи “Роҳат”, бинои парлумон ва театрҳо
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон хабарҳо дар мавриди тахриби биноҳои Дастгоҳи раёсати ҷумҳур, парлумон, шаҳрдории Душанбе, чойхонаи “Роҳат” ва ду театри бузургтарини Точикистон - Лоҳутиву Маяковскиро шарҳ дод.
Нуралӣ Саидзода, муовини раиси ин кумита имрӯз, 21 январ зимни нишати матбуотии ин ниҳод гуфт, тибқи қарори совети вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 31 декабри 1971 таҳти рақами 408 ҳамагӣ чор бино дар Душанбе ба рӯйхати ёдгориҳои меъморӣ шомиланд: “Инҳо - бинои марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Хонаи Ҳукукмат, Бинои китобхонаи ба номи А. Фирдавсӣ, Театри Опера ва балети ба номи С. Айнӣ мебошанд”.
Ҷаноби Саидзода гуфт, тибқи қарори 641 аз 4 октябри соли 2015 Кумитаи меъморӣ тасмим гирифтааст, ки якҷоя бо Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе номгӯи иншооти таърихию фарҳангиро дар ҳудуди шаҳри Душанбе бозбинӣ кунад, зеро номгӯи феълӣ ҳанӯз дар давраи шуравӣ муайян гардида буд.
Саидзода афзуд, вобаста ба ин масъала ҳоло гуруҳи корӣ фаъолият дорад ва аз тасмими гуруҳ иловатан хабар дода хоҳад шуд.
Қудратулло Файзуллоев, сармеъмори шаҳри Душанбе таъкид намуд, ки тахриби театрҳо ва чойхонаи Роҳат ташаббуси ҳукумати пойтахт набудааст: “Мавзӯи тахриби ин биноҳо аз ҷониби мақомоти дигари салоҳиятдор ба миён гузошта шудааст”.
Ин дар ҳолест, ки моҳи октябри соли 2015 хабарҳо дар бораи тахриби биноҳои Дастгоҳи иҷроия, чойхонаи “Роҳат”, театрҳои Лоҳутӣ ва Маяковский ва чанд бинои дигар вокуниши ҷомеаи шаҳрвандиро ба вуҷуд овард. Як гуруҳ сокинон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ирсоли як нома аз раисиҷумҳур хостанд, тахриби биноҳои таърихиро дар Душанбе ҷилавгирӣ кунад.