Душанбе: Бархӯрди мошини ёрии таъҷилӣ бо “БМВ” ду кушта барҷой гузошт
Шаби 20-уми январ дар пайи бархӯрди мошини ёрии таъҷилӣ бо “БМВ-745” ду нафар ба ҳалокат расидаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тақрибан соати 01:55-дақиқа мошини ёрии таъҷилии «Хундай», таҳти идораи Турсунов Ҳабибулло Маҳмадуллоевич, сокини 58-солаи шаҳри Душанбе, аз кӯчаи Рӯдакӣ ба кӯчаи Исмоили Сомонӣ ҳаракат кардааст: “Дар ин замон мошини «БМВ-745», рақами давлатиаш 0777 ВР 07, таҳти идораи ронандаи 24-сола - Сатторзода Аъзам Ҷамшед аз самти кӯчаи Рӯдакӣ бо суръати баланд ҳаракат карда, ба автомашинаи ёрии таъҷилӣ бархӯрдааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи бархӯрд Турдиев Аъзам, соли таваллудаш 1976, Самиева Зебӣ, соли таваллудаш 1971 ва ронандаи "БМВ" Сатторзода Аъзам ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи Марказии миллии тиббии Тоҷикистон бистарӣ шуданд: “Пас аз се соати садама, ронанда Сатторзода ва ҳамшираи шафқат Самиева Зебӣ дар беморхона ба ҳалокат расидаанд”.