“Толибон” гуфтаанд, кормандони “Тулӯъ”-ро барои хабарҳои дурӯғ куштаанд
Бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Кобул 7 уорманди шабакаи телевизионии “Тулӯъ” ба ҳалокат расида, наздики 30 каси дигар захм бардоштаанд.
Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, ин ҳамла соати 5:20-и рӯзи 20 январ дар минтақаи Доруламони шаҳри Кобул рух додааст. Абдулраҳмон Раҳимӣ, фармондеҳи пулиси Кобул ба расонаҳо гуфтааст, террористон кормандони “Kabbora Production”, як ширкати сабти оҳангу мусиқӣ ва тарҷумаи филми мабут ба телевизиони “Тулӯъ”-ро ҳадаф қарор додаанд.
Масъулияти ин ҳамларо гуруҳи “Толибон” ба уҳда гирифтааст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон” бо интишори як хабарнома гуфтааст, “ин ҳамла ба интиқоми иттиҳомоти дурӯғи телевизиони “Тулӯъ” алаҳи “Толибон” дар ҷараёни ҷанги Қундуз сурат гирифтааст”.