59 даъвои бонкҳо алайҳи қарзгирандагон дар Суди Олии Иқтисодӣ
Суди олии иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, нотавонии соҳибкорон барои бозгардондани маблағҳои бонкӣ дар соли 2015 даҳҳо даъвоҳои судиро ба миён овардааст.
Абдуҷаббор Розиқзода, муовини аввали раиси Суди Олии Иқтисодӣ имрӯз, 21 январ дар посух ба суоли “Озодагон” изҳор дошт, ки соли 2015 аз бонкҳои кишвар 59 аризаи даъвогиро алайҳи қарзгирандагонашон дарёфт кардаанд: “Аз ҷумла Бонки Эсхата аз як соҳибкор 32 ҳазор сомонӣ, Бонки рушди Тоҷикистон аз як муштарияш 127 ҳазор сомонӣ талаб дорад. Чунин қазияҳо зиёданд”. Ба иттилои манбаъ теъдоди даъвои бонкҳо алайҳи қарзгирандагон дар соли 2014 43 ададро ташкил дода буд.
Афзоиши даъвои бонкҳо дар ҳолест, ки қурби як доллари амрикоӣ дар кишвар тайи як соли охир аз 5,50 сомонӣ то наздики 9,00 сомонӣ расидааст, ки ин ба зарари соҳибкорони қарздор аз бонкҳо анҷом ёфт.