Кумитаи сохтмон: Буҳрон арзиши хонаҳоро дар пойтахт коҳиш дод
Кумитаи меъмори ва сохтмони Тоҷикистон мегӯяд, бо далели таъсири буҳрони молӣ арзиши манзилҳои навбунёд дар шаҳри Душанбе ба таври қобили мулоҳиза поин рафтаанд.
Қудратулло Файзуллоев, сармеъмори шаҳри Душанбе имрӯз, 21 январ дар нишасти хабарие дар пойтахти кишвар гуфт, агар дар се соли пеш як метри квадратии манзилҳо дар маркази шаҳр ба 1400 доллар мерасид, ҳоло то 850-800 доллар поин омадааст: “Дар қисматҳои аз марказ дуртар агар қаблан 800 доллар буд, ҳоло 550-500 долларро ташкил медиҳад”.
Ӯ афзуд, бо таъсири буҳрони молӣ кори сохтмони баъзе аз манзилҳо қатъ шудааст.