Дар Душанбе ду шаҳраки нави замонавӣ бунёд мешавад
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон мегӯяд, дар пойтахти кишвар ду шаҳраки нави замонавӣ бунёд хоҳад шуд.
Нуралӣ Саидзода, муовини раиси ин кумита имрӯз, 21 январ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ин шаҳракҳо, бо номи “Асри 21” бо пешниҳоди масъулини ниҳоди зертобеаш дар нақшаи генералии шаҳри Душанбе ворид шудааст. Ӯ дар посух ба суоли хабарнигори "Озодагон" гуфт, яке аз ин шаҳракҳо дар маҳаллаи Зарафшон ва дигарӣ дар маҳаллаи якуми май, воқеъ дар Колхози Россия бунёд хоҳанд шуд: "Корҳои лоиҳакашии шаҳракҳо то охири моҳи январ ба анҷом мерасад ва мо онро ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мекунем".
Ба иттилои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон соли сипаришуда 1 миллиону 202 ҳазору 862 м. Манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба соли 2014 108,2 дарсад бештар аст.