Нигаронии Э.Раҳмон аз иҷро нагардидани нақшаи пахта, маблағи барқ ва...
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 21 январ, дар идомаи ҷаласаи васеи ҷамъбастии ҳукумат аз иҷро нагардидани дурнамои истеҳсоли пахта, ки яке аз роҳҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ аст, таъмин нагардидани нақшаи даромади андоз, ҷамъоварии ғайриқаноатбахши ҳаққи истифодаи нерӯи барқ изҳори нигаронӣ кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи ин камбудиҳо супориш дода, хостори пурзӯр кардани назорат шудааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла хостори пешгирии васлу насби дастгоҳҳои гуногуни худсохти гармидиҳанда ва истифодаи самараноки неруи барқ шуда, супориш додааст, ки то охири соли 2016 тамоми сохторҳои давлатӣ ба системаи гармидиҳанда пайваст карда шавад.
Ба иттилои манбаъ ба президенти Тоҷикистон сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмудинов ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Рустами Эмомалӣ, вазири молия Абдусалом Қурбониён ва раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳо дар соли 2015 ҳисобот доданд.
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, аз натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2015 ҳисобот дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Расулзода зимни ҳисоботаш таъкид намуд, ки новобаста аз таъсири омилҳои беруна мардуми Тоҷикистон бо амалӣ кардани як қатор тадбирҳо дар соли 2015 ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд: “Дар соли 2015 ҳаҷми ММД 6 фоиз зиёд шуда, 48,4 миллиард сомониро ташкил дод. Дар ин давра барои дастгирии буҷаи давлат 450 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, ин маҷлис таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, президент ва раиси ҳукумат шурӯъ шуда, дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2015 таҳлил ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2016 муайян мегардад. “Маҷлиси васеи ҷамъбастӣ бо иштироки роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони идораҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, дигар мақомоти марказӣ, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул сурат мегирад”,-меафзояд манбаъ.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, зимни ҳисобот ва пурсишу посухҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва иқтидори содиротӣ, муҳайёсозии ҷойҳои корӣ, иҷрои пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатӣ, сарфакорона ба роҳ мондани хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа зоҳир карда мешавад.
Гуфта мешавад, дар ин ҷаласа як қатор тағйироти кадрӣ ҳам сурат мегирад. "Озодагон" дар ҷараён хоҳад буд ва аз ҷузъиёти маҷлис иттилоъ хоҳад дод.