Боздошти ҷавони тоҷик барои алоқаи ҷинсӣ бо духтари 13-сола
Мақомоти тафтишотии ноҳияи Калинини вилояти Твери Маскав аз боздошти як ҷавони 18-солаи тоҷик хабар доданд, ки дар алоқаи ҷинсӣ бо духтари 13-сола муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилоияи Кумитаи тафтишотии Русия, ин ҷавони тоҷик бо духтари 13-сола дар шабакаи иҷтимоӣ шинос шудааст: “Рӯзи 16-уми январ дар нахустин мулоқоташон ҷавони тоҷик сокини 13-солаи Калининро ба як бинои нотамом бурда, миёнашон алоқаи маҳрамона сурат гирифтааст”.
Ин ҷавони тоҷик дар пайи муроҷиати модари духтари 13-сола ба пулис боздошт шудааст: “Феълан алайҳи боздоштшуда бо иттиҳоми алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ҳанӯз ба синни 14-солагӣ нарасидааст, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад”.