Идомаи матни комили паёми Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон
Академияи илмҳоро зарур аст, ки минбаъд низ тамоми нерӯи илмии олимонро ба иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар равона сохта, масъалаҳои муҳимми марбут ба иқтисодиёти кишварро таҳқиқ намояд ва дар пешрафти устувори мамлакат саҳми худро гузорад.
Инчунин, олимони соҳаҳои геология ва табиатшиносиро зарур аст, ки дар ҷустуҷӯ, омӯзиш, таҳлил ва ба захираҳои давлатӣ ворид намудани сарватҳои табиии кишвар бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамкории зич дошта бошанд.
Вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон, ки ба он буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ таъсир мерасонанд, олимони ҷомеашиноси мо бояд дастовардҳои таърихии халқамонро бештар тарғиб намоянд ва таҳқиқоташонро ба тақвияти пояҳои давлату давлатдории миллиамон ҳамчун омили муҳимтарини ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ равона созанд.
Дар ин раванд муассисаҳои илмиро зарур аст, ки ҷиҳати ба сиёсати имрӯза мутобиқ намудани мавзӯъҳои фармоишӣ чораҷӯӣ карда, таҳқиқи масъалаҳои умдаи давлатдории миллиамонро бо дарназардошти пешрафти иқтисоди миллӣ, ояндаи кишвар ва ҳалли мушкилоти мубрами ҷомеа анҷом диҳанд.
Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд.
Яке аз ҳадафҳои Ҳукумат дар ин самт дар хизмати соҳаи тиб қарор додани технологияҳои инноватсионӣ мебошад. Солҳои охир дар муассисаҳои тиббӣ таҷҳизоти замонавӣ васеъ ворид гардида, ба ин восита сатҳи ташхису табобати беморон беҳтар шуда истодааст.
Аммо ихтисосмандоне, ки таҷҳизоту технологияҳои муосири тиббиро пурраву самаранок истифода бурда тавонанд, дар кишварамон ҳанӯз хеле каманд.
Дар баробари ҳалли масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тайёр кардани чунин мутахассисон бояд яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти роҳбарону масъулони соҳа бошад. Ҳамчунин бояд гуфт, ки то ҳанӯз нарасидани мутахассисони соҳаи тиб дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба мушоҳида мерасад.
Вазъи таъминот бо кадрҳои тиббӣ, хусусан, дар вилояти Хатлон нигаронкунанда аст. Дар ин вилоят, ки аҳолиаш беш аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ 11,3 нафар табиб рост меояд, ки дар муқоиса бо дигар вилояту шаҳрҳои кишварамон нишондиҳандаи хеле паст мебошад.
Дар шаҳри Душанбе ин нишондиҳанда беш аз 77 нафар, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 23 ва вилояти Суғд 20 нафар мебошад.
Дар баробари ин, Донишгоҳи тиббӣ, ки дар мамлакат ягона мебошад, масъалаи тайёр кардани кадрҳоро дар ин соҳа пурра иҷро карда натавониста истодааст ва заминаи моддиву техникии он имкон намедиҳад, ки қабулро зиёд карда, талаботи кишварро вобаста ба афзоиши аҳолӣ дар муқоиса бо ҳафтоду ҳафт соли пеш, яъне соли таъсиси донишгоҳ, ки аҳолии Тоҷикистон аз якуним миллион нафар камтар буд, қонеъ гардонад.
Бо дарназардошти чунин вазъ, ба Ҳукумат, аз ҷумла вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм ва дигар сохтору мақомоти марбута супориш дода мешавад, ки барои таъсиси боз як муассисаи таҳсилоти олии касбии тиббӣ дар вилояти Хатлон ва то оғози соли нави таҳсил ба фаъолият шурӯъ кардани он чораҷӯӣ намоянд ва илова бар ин, ҷиҳати ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла истифодабарандагони таҷҳизоти электронии тиббӣ чораҳои иловагӣ андешанд.
Ба Ҳукумат, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарияти Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки дар бобати иҷрои пурраи талаботи Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 тамоми чораҳои заруриро амалӣ карда, доир ба васеъ кардани пойгоҳи таълимӣ ва рушди инфрасохтори донишгоҳ дар муҳлати кӯтоҳтарин хулосаи асоснокшударо ба Президенти мамлакат пешниҳод намоянд.
Ҳукумат маблағгузории соҳаи тандурустиро сол аз сол зиёд карда, соли ҷорӣ ҳиссаҷудокуниро ба ин соҳа ба 1 миллиарду 300 миллион расонид, ки ин рақам нисбат ба соли 2005 14 баробар зиёд мебошад.
Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки имрӯз мутахассисони соҳаи тибби мо бо истифода аз имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумат корро дар баъзе самтҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ мондаанд. Дар натиҷа имрӯз барои ташхис ва табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандони мо хеле кам шудааст.
Инчунин, дар даҳ соли охир сатҳи гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ ба ҳисоби миёна 24 баробар, аз ҷумла нишондиҳандаи бемории сил 17 фоиз коҳиш ёфтааст.
Таҷрибаи дусолаи ҳамгироии масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти солимгардонии маъюбон ва таъйину муқаррарсозии маъюбӣ, дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат, дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббӣ, фаъолияти муассисаҳои будубоши доимӣ ва тавонбахшии кӯдакони маъюб натиҷаҳои назаррас бахшид.
Мехоҳам махсус зикр намоям, ки ҳарчанд вазъи татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ ба маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат дар сатҳи маҳаллӣ хеле беҳтар шудааст, лекин кӯшиш бояд кард, ки ҷиҳати мунтазам беҳтар намудани зиндагии гурӯҳҳои осебпазиру ниёзманди ҷомеа шароити боз ҳам хубтар фароҳам оварда шавад.
Ҳукумати мамлакат масъалаҳоеро, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд мебошад, дар маркази диққати худ қарор медиҳад ва барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро азхуд кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд.
Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар - Ватани худ содиқона хизмат мекунанд.
Дар ин росто, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, дигар сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи самараноки нерӯи созандаи ҷавонону бонувон, тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон ва духтарону бонувони лаёқатманд ва донишманду соҳибмаърифат, инчунин ташвиқи онҳо ба донишандӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Вакилони муҳтарам!
Дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.
Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд.
Роҳбарони сохтору мақомоти зикршуда вазифадоранд, ки дар баробари омодагии ҳаматарафаи ҳарбӣ ва касбии ҳайати шахсӣ ва кормандону хизматчиёни ҳарбӣ ба масъалаи тарбия ва обутоби ҷисмониву маънавии онҳо диққати доимӣ диҳанд.
Роҳбарон ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бояд дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматиашон доим ҳушёру зирак бошанд, барои таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир – терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ қотеъона мубориза баранд.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва зарурати таъмини амнияту суботи кишвар баланд бардоштани сатҳи таъминоти моддиву техникӣ ва маблағгузории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишварро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани тайёрии касбӣ ва омодабошии ҷангии онҳо тақозо менамояд.
Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумат зарур аст, ки маблағгузории сохтору мақомоти зикршударо аз буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд карда, таъминоти моддиву техникии онҳоро тибқи талаботи рӯз ва вазъи сиёсии ҷаҳон ба роҳ монад.
Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд.
Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо - Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.
Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад.
Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.
Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.
Боиси таассуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд.
Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯбарӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори нерӯву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем.
Ислоҳи ин вазъ таҳкими пойгоҳи ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар санадҳои байналмилалӣ муқаррар намудани муҷозоти кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, роҳандозӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм ва мавриди муҳокимаи Суди байналмилалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунандаро тақозо менамояд.
Тоҷикистони соҳибистиқол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад.
Воқеаҳои нангини аввали моҳи сентябр, яъне сӯиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон сурат гирифтанд, бори дигар нишон доданд, ки баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои бадхоҳонаи худ нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои харобкорона ва хоинонаи хешро бо дасти зархаридону гумоштагонашон амалӣ гардонида, ба сари мардуми мо низоми бегонаро таҳмил намоянд.
Вале хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намояд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.
Ҳамин буд, ки бо дастгирии фаъолонаи мардуми кишвар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муҳлати кӯтоҳтарин тавонистанд нақшаҳои ҷинояткоронаи террористонро барҳам зада, оромии Ватани азизамонро ҳифз ва таъмин намоянд.
Ҳодисаҳои зикршуда, равандҳои муосири сайёра ва вазъи минтақа ҳушдор медиҳанд, ки мо ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем.
Вазъи бамиёномада фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазирро бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи барномаи стратегии давлат тақозо дорад.
Аз ин лиҳоз, ба Прокуратураи генералӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳарчи зудтар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 таҳия ва пешниҳод намояд.
Дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм бояд номгӯи субъектҳои бо онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ гардонида, дар баробари ин ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва хиёнат ба Ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони ба онҳо мусоидаткунанда пурзӯр карда шавад.
Бинобар ин, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ вазифадор карда мешаванд, ки муқаррароти Кодекси ҷиноятӣ ва дигар қонунҳои дахлдорро вобаста ба ин масъалаҳо ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ карда, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба онҳо ба Ҳукумат хулосаҳои мушаххас пешниҳод намоянд.
Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти марбутаро зарур аст, ки доир ба масъалаи таъсиси маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм ба Ҳукумат пешниҳоди асоснок манзур созанд.
Бори дигар таъкид месозам, ки риояи қатъии қонунҳо, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва тартибу интизом дар сохторҳои низомии кишвар бояд таҳти назорати доимии роҳбарони сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ ва мақомоти прокуратура қарор дошта бошад.
Мо на як бору ду бор изҳор доштаем, ки даромад аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ҳамасола дар ҷаҳон даҳҳо миллиард долларро ташкил медиҳад, яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷузъи мубориза бо терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон бо ин, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боиси афзоиши бемории нашъамандӣ гардида, ба генофонди миллӣ таҳдиди воқеӣ эҷод менамояд.
Аз соли 1994 инҷониб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии Тоҷикистон беш аз 113 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 34 тонна героин мусодира карда шудааст, ки ин миқдор метавонист қариб 50 миллион нафарро ба бемории нашъамандӣ гирифтор намояд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бояд дар ин самт фаъолияти худро ҷоннок намуда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи қочоқи маводи мухаддир, ошкор ва аз байн бурдани гурӯҳҳои муташаккили нашъаҷаллоб ва такмили тарзу усулҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Яке аз хатарҳои дигаре, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад, коррупсия мебошад.
Ҷиҳати мубориза бар зидди ин кирдори номатлуб солҳои охир дар кишвари мо заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шудаанд, вале ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда шавад.
Дар баробари ин, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳамаи хизматчиёни давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати пешгирии ин зуҳурот дар тамоми сохтору мақомоти давлатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Вакилони муҳтарам!
Тоҷикистон ҷонибдори эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани ҳадафҳои миллӣ ва саъю кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид сохтани ҷаҳду талоши ҳамаи давлатҳои манфиатдор барои вокуниши муносиб дар рӯбарӯи таҳдиду хатарҳои замони муосир мебошад.
Мо имрӯз бори дигар эълон медорем, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои судманд густариш диҳад.
Дар ин росто, мо тавсеаи муносибатҳои созанда ва гуногунҷанбаи худро бо шарикони анъанавиамон, аз ҷумла Федератсияи Россия идома дода, дар раванди мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ҳамкориҳои муассири ду кишварро тақвият ва таҳким хоҳем бахшид.
Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии мусолиматомези худ ҷонибдори он аст, ки низоми имрӯз ташаккулёбандаи ҷаҳонӣ аз ҷангу низоъҳо, хушунату зӯроварӣ ва таассубу бадбинии миллӣ ва диниву фарҳангӣ комилан озод бошад ва бар пояи шарикиву ҳамкории баробару судманди ҳамаи кишварҳои ҷаҳон асос ёбад.
Ҳамаи хатарҳо ба сулҳу субот ва амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бояд бо роҳи созишу муколамаи созанда ва бар асоси муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун созмони глобалии танзимкунандаи муносибатҳои байналмилалӣ, бартараф карда шаванд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Мо бояд тамоми саъю талоши худро ба он равона созем, ки бо вуҷуди вазъи ноустувори молиявию иқтисодии дар ҷаҳон идомадошта бо заҳмати аҳлона ва иқдомҳои ободгаронаи мардуми шарифи Тоҷикистон се ҳадафи стратегии дар наздамон қарордошта, яъне истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқавории кишварамонро таъмин кунем.
Дар ин раванд таъмини амният, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ, азхуд кардан ва дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ ҷорӣ намудани навгониҳои илму техника, дарки масъалаҳои афзалиятдоштаи пешрафти мамлакат ва ҳалли саривақтии онҳо аз ҳар яки мо масъулияти дучандро талаб менамояд.
Инчунин ташаккул додан ва истифодаи босамари нерӯи инсонӣ, ҳалли масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ниҳоят, дастёбӣ ба сатҳу сифати шоистаи зиндагӣ барои сокинон аз қабили масъалаҳои аввалиндараҷае мебошанд, ки ҷиҳати иҷрои онҳо бояд тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа якҷоя ва аҳлона азму талош намоянд.
Соли 2016 барои мардуми шарифи кишварамон соли таърихӣ, яъне соли таҷлили биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон мебошад ва итминон дорам, ки ин санаи бузургу тақдирсозро мо ҳама якҷо бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирем.
Бо дарназардошти ин, аз аъзои Ҳукумат, ҳамаи роҳбарону масъулон, хизматчиёни давлатӣ, кормандони сохтору мақомоти давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, инчунин аз ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсти кишвар, аз ҷумла шумо - вакилони муҳтарам, тақозо мегардад, ки дар чунин давраи таърихӣ аз ҳарвақта бештар масъулиятшинос бошед.
Ҳар яки мо вазифадорем, ки бо амалисозии иқдому ташаббусҳои неку созанда ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои истиқлолият, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон бо роҳи ҳарчи зудтар расидан ба ҳадафҳои стратегии миллиамон қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии худро дар назди халқ ва давлати Тоҷикистон содиқонаву софдилона иҷро намоем.
Мову шумо дар даврони соҳибистиқлолӣ борҳо марҳалаҳои мушкилу сангинро паси сар намуда, аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона баромадем, аз ҷумла хатари нестшавии давлат ва пароканда гардидани миллатро бартараф кардем ва ба пешрафти давлату ҷомеа муваффақ шудем.
Ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи Ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем.
Мову шумо ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардумамон бояд дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем, зиёдаравӣ накунем ва фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем.
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ, пеш аз ҳама, ба густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ вобастагии мустақим дорад.
Ман ҳоло бо итминони комил гуфта метавонам, ки мо бо такя ба нерӯи созандаи мардуми соҳибмаърифати худ ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи онҳо ба ҳамаи мақсадҳои некамон ва дар навбати аввал, фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат наздик шуда истодаем.
Дар роҳи расидан ба ин ниятҳои нек ва иҷрои ҳадафҳои созанда халқи заҳматкашу матинирода, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу сарбаланди кишварамон, инчунин ҳамватанони бурунмарзиамон, ки дар кишварҳои гуногуни олам кору зиндагӣ доранд, ҳамеша дастгиру пуштибони сиёсати давлат мебошанд.
Барои чунин дастгирии самимона ба хурду бузурги кишвари азизамон сидқан сипосу миннатдорӣ изҳор менамоям.
Дар амри амалӣ гардонидани нияту нақшаҳои неку созанда ва иҷрои рисолати пурифтихори ватандорӣ ба кулли мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамватанони бурунмарзиамон ва ба ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд, саломативу хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзумандам.
Ҳамеша саломату хонаобод бошед!