АКС: Шикояти ронандаҳо аз гарон шудани арзиши газ
Нархи сузишвории газ дар Тоҷикистон боло рафтааст. Ронандаҳо мегӯянд, шурӯъ аз моҳи январ ин навъи сузишворӣ 50-60 дирам қиммат шудааст.
Парвиз, як ронандаи мусофиркаши хурд имрӯз, 20 январ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, давоми ду рӯзи охир арзиши газ 50 дирам гаронтар шудааст. “Нархи газ боло рафтааст, вале арзиши роҳкиро бетағйир аст. Ман дар як рӯз то 8 маротиба гирди шаҳр тоб мехӯрам ва кушиш мекунам, харҷи кардаамро ҷамъ кунам. Агар чунин ҳолат идома ёбад, мо ҳатто наметавонем харҷи худро пӯшонем. Бояд назорат кунанд, ки нархҳо баланд нашаванд”,-гуфт ӯ.
Аҳлиддин, як сокини Файзобод ҳам ки ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекунад, аз пайваста боло рафтани нархи сузишвории газ шикоят намуд. Ба гуфтаи вай, дар баробари гарон шудани нархи маҳсулоти ғизоӣ боло рафтани арзиши сузишворӣ ҳарчи бештар пешбурди зиндагии хонаводаашро душвортар кардааст: “Бо ин ҳол намешавад, маҷбурам ба Русия мардикорӣ равам”.
Ронандаҳо мегӯянд, дар бештари нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ нархи газ 3 сомониву 10 дирамро ташкил медиҳад. Аммо дар “Газпромнефт” он 3 сомониву 20 дирам арзиш дорад. Абдулмуъмин Мирзоев, ки худро масъули нуқтаи фурӯши сузишвории “Газппромнефт” дар маҳаллаи 46 муаррифӣ кард, гуфт, онҳо бо амри раҳбарият нархҳоро тағйир медиҳанд: “Ба мо мегӯянд, ки имрӯз нархи газ фалон миқдор боло рафтааст, мо иҷро мекунем”.
Ӯ мегӯяд, қабл аз соли нави мелодӣ газ 2 сомониву 70 дирам нарх дошт. “Баъди соли нав 10 дирам қиммат шуд. Ҳамин хел 10 дирамӣ боло рафтан гирифт. Ҳоло 3 сомониву 20 дирам мебошад”,-илова намуд Мирзоев.
Як фурӯшандаи Нуқтаи фурӯши сузишворӣ бо номи “Тоҷнефт” дар маҳаллаи 46 ба “Озодагон” гуфт, тайи ду рӯзи ахир нарх якбора 20 дирам таӯйир ёфт: “Ду рӯз пеш газ 2 сомониву 90 дирам буд. Ҳоло 3 сомониву 10 дирам аст. То 9 январ арзиши газ 2 сомониву 60 дирам буд, баъд якбора қиммат шудан гирифт”.