Э.Раҳмон ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро кори ҲНИТ хонд: Ҷазо пурзӯртар шавад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба парлумон аз ошӯби Абдуҳалим Назарзода, ноиби вазири мудофиа дар моҳи сентябри соли 2015 ёд оварда, онро кори раёсати Ҳизби наҳзати исломӣ хонд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 20 январ зимни суханронӣ дар "Кохи Сомон" изҳор дошт, талоши табаддулоти давлатӣ бо роҳбаладӣ ва сарпарастии бевоситаи раёсати Ҳизби наҳзати исломӣ роҳандозӣ шуд. Ӯ афзуд, ин қазия нишон дод, ки баъзе хоҷагони хориҷӣ аз ниятҳои бадашон даст накашидаанд ва мехоҳанд тариқи гумоштаҳояшон низоми барои мо бегонаро ба тоҷикистониён таҳвил кунанд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки мардуми Тоҷикистон намегузорад, мисли солҳои 90 нооромӣ эҷод шаваду кишварро аз маҷрои созандагию ободӣ берун созад: “Бо дастгирии мардум сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ нақшаҳои террористонро барҳам заданду амнияти кишварро таъмин карданд”.
Дар пайи ошӯби Назарзода, ки ҳамчун “Ҳоҷӣ Ҳалим” маъруф буд, Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро экстремистӣ-террористӣ эълон намуда, фаъолияташро табу эълон кард. Ба дунбол даҳҳо узви ҲНИТ бо шумули аъзои раёсати олии он боздошт шуданд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб, ки ҳоло дар берун аз Тоҷикистон ба сар мебарад, гуфта буд, "Ҳоҷӣ Ҳалим" ва исёни ӯ рабте ба ҲНИТ надоранд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи суханронӣ ба сарбозоне, ки ба гуфтаи ӯ, зери фишор сар хам накарданду то нобудсозии охирин террорист мубориза бурданд, изҳори миннатдорӣ кард: “Ҳодисаҳои зикршуда ҳушдор медиҳанд, ки ҳаргиз зиракиро аз даст надиҳему барои ҳимояти оромию субот ҳамеша омода бошем”.
Бо зикри ин қазия Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута дастур дод, ки стратегияи миллии мубориза бо терроризму экстремизм барои солҳои 2016-2020-ро таҳия кунанду, ҷазо барои ҷиноятҳо зидди сохти конститутсионӣ, хиёнат ба Ватан, иштироку шарикӣ дар ҳаракатҳои экстремистию террористӣ пурзӯр карда шавад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин бо зикри ифротгароӣ дар интернет дастур дод, ки дар кишвар Маркази мубориза ба зидди ҷиноятҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва киберҷиноятҳо ташкил карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон дар пасманзари мураккаб шудани вазъи амниятию сиёсӣ дар ҷаҳон ба ҳукумат супориш дод, ки маблағгузории мақомоти амният ва ҳифзи ҳуқуқро сол ба сол зиёд намояд, то вазъи моддию техникии ин сохторҳо барои мубориза бо хатарҳои муосир беҳтар шавад.