Қарзи бефоиз. Иқдоми шаҳрдорӣ барои пешгирӣ аз болоравии нархҳо
Шаҳрдории Душанбе барои ҷилавгирӣ аз суръати болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия тасмим гирифтааст, ба бозорҳои пойтахт қарзи бефоиз бидиҳад.
Тибқи иттилои ҳукумати шаҳри Душанбе, ин иқдом бо ҳадафи пешгирӣ аз афзоиши нархи хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, шакар ва дигар навъи маҳсулот роҳандозӣ шудааст. Ба иттилои манбаъ, дар назар аст, қарзи бефоизи шаҳрдории Душанбе, ки аз ҳисоби буҷаи пойтахт пешбинӣ шудааст, охирҳои моҳи феврал дастраси тоҷирони бозорҳо гардад.
Сайфулло Амонов, сардори раёсати иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе ба “Озодагон” гуфт, ҷудо намудани қарзи бефоиз танҳо ба бозорҳои коммуналии пойтахт дар назар аст: “Ба ҳар бозор тақрибан як миллион сомонӣ рост меояд. Роҳбарони бозорҳои “Шоҳмансур”, “Саховат” ва “Деҳқон” барои дастрас намудани қарзи бефоиз бояд лоиҳаи тиҷоратӣ (бизнес-план)-и худро таҳия ва пешниҳод намоянд”.
Дар чанд рӯзи ахир арзиши баъзе аз маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳои пойтахт баланд шуд. Тоҷирон далели онро беқурбшавии асъори миллӣ дар баробари доллар арзёбӣ мекунанд.