Президент: Cоли 2015 аз фурӯши барқи зиёдатиамон метавонистем 250 миллион $ гирем
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 20 январ дар паёмаш ба парлумон захираҳои гидроэнергетиро боигарии миллӣ хонда, таъкид намуд, ки ҳукумат сохтмони иншооти энергетикиро идома медиҳад.
Ӯ музокиротро роҳи ҳалли мушкилоти обу энержии минтақа хонда, таъкид намуд, ки Тоҷикистон бидуни истеҳсоли барқ наметавонад иқтисодиёташро пеш барад.
Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки соли равон сохтмони қисмати тоҷикистонии хатти интиқоли барқи КАСА-1000 оғоз мегардад, ки барои интиқоли барқи Тоҷикистон ба ҳамсояҳои ҷанубӣ мусоидат мекунад. Раисиҷумҳур шарҳ дод, ки тариқи ин хат барқи зиёдатӣ дар фасли тобистон фурӯхта хоҳад шуд: “Соли гузашта 5 миллиард киловат нерӯи барқи зиёдатӣ доштем. Агар онро 5 сентӣ мефурӯхтем, 250 миллион доллар ба буҷаи давлат ворид мешуд. Ана барои чӣ мо КАСА-1000 мегӯем”.
Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки талошҳои ҳукумат барои қонеъ намудани талаботи дохилӣ ва содир намудани нерӯи барқ ба хориҷ густариш хоҳанд ёфт.