Боздошти сокини Душанбе барои истисмори муҳоҷирон дар Маскав
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 28-солаи шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар истисмори меҳнатии муҳоҷирони тоҷик дар Маскав муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ боздоштшуда, моҳи августи соли 2013 зани 23-сола, сокини шаҳри Душанберо бо ваъдаи ҷойи кори хубу доимӣ ба шаҳри Маскав бурда, 4 моҳ маҷбурӣ кор фармудааст: “Музди меҳнаташро ба маблағи 100 000 рубли русӣ ба манфиати худаш сарф намудааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, боздоштшуда инчунин дар истисмори меҳнатии ҷавони дигар, сокини 21-солаи Душанбе муттаҳам мешавад: “Ин ҷавонро муддати 3-моҳ маҷбурӣ кор фармуда, музди меҳнаташро ба маблағи 100000-рубли русӣ аз худ кардааст”.
Ба иттилои манбаъ феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.