Сокини Шаҳритуз дар куштори ҳамсараш муттаҳам мешавад
Як сокини 35-солаи ноҳияи Шаҳритуз бо иттиҳоми куштори ҳамсараш боздошт шудааст.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин мард 13 январ тахминан соати 13:30 дар манзили истиқоматиаш бо ҳамсари 32-солаа “ҷангу ҷанҷол карда, ӯро латту кӯб намудааст”. Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа зан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст: “Нисбати ин мард парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.