“Истиқлол” ба дарвозаи ҳарифи узбакистонияш як гол зад ва як тӯб сар дод
Тими “Истиқлол”-и Душанбе нахустин бозии санҷишии бурунмарзиашро дар мавсими нави футбол мусовӣ кард.
Дидори “Истиқлол” бо “Олмалиқ”-и Узбакистон, ки 19 январ дар варзишгоҳи Академияи бошгоҳи футболи “Бунёдкор”-и Тошканд баргузор шуд, 1:1 анҷом ёфт. Голи нахустини бозиро Александр Каблаш, легионери тим “Истиқлол” ба ҳадаф расонд. Ислом Исоқҷонов, бозигари “Олмалиқ” дар дақиқаи 55 ҳисобро баробар сохт.
Дастаи “Истиқлол” дар доираи омодагиҳояш ба Ҷоми Осиё-2016 ҳамчунин бо ду дастаи дигари Узбакистон бозии рафиқона анҷом медиҳад. Бозигарони “Истиқлол” 22 январ бо “Нефтчӣ” ва 25 январ бо “Насаф”-и Қаршӣ, барандаи Ҷоми Узбакистон-2015 ба майдон хоҳанд баромад.