Имрӯз вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҳамҷоягӣ бо вазорати нақлиёти Тоҷикистон ярмаркаи соҳавии ҷойҳои кории холиро доир намуд.
Тавре ба “Озодагон” аз агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуҷғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вазорати меҳнат хабар доданд, дар ярмарка раёсатҳои агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Норак иштирок намуда, ҷойҳои кории холии корро барои ниёзмандон пешниҳод гардонданд. Дар ин ярмарка 37 корхонаю муассисаҳои шаҳри Душанбе ба корҷуён 2.381 ҷойҳои кории холиро пешниҳод намуданд. Ҳамчунин, ба 82 нафар корҷӯён барои кор ва 4 нафар ба омӯзиши касбҳо роҳхат дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ дар фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар самти мусоидат ба шуғл нақши муҳим дорад. Соли равон аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ таҷрибаи ташкил ва гузаронидани ярмаркаи соҳавии ҷойҳои кории холӣ идома ёфта, бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи занон ва вазорати тандурустии Тоҷикистон, ташкилоту корхонаҳои вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар маҷмӯъ 13 ярмаркаи соҳавии ҷойҳои кории холӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор гардиданд.{jathumbnail off}